Вусъати ҳамкории вазоратҳои Тоҷикистону Русия23-01-2017, 10:39
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт: - Робитаҳои хориҷии мо бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Русия тавсиа меёбад. Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарии 20 январ зимни тавзеҳи робитаҳои хориҷии ин ниҳод афзуд, ки «Бо Русия бештар аз ҳар кишвари дигар ҳамкорӣ дорем.» Вай фаъолияти Мушовараи муштараки мақомоти вазоратҳои корҳои дохилӣ, Шӯрои вазирони дохилии ду кишварро аз тадбирҳои муасир дар ҷиҳати тақвияти муносибатҳо ва иҷрои барномаҳои мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубориза бо қочоқи инсон, маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ зикр кард. Мақоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ишора ба ин ки ҷаласаи мушоварҳои муштарак соле як бор мегузарад, гуфт: - Ҷаласаи соли 2016 дар Тоҷикистон шуд ва мушовараи имсола миёнаҳои моҳи май дар Русия баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол Шӯрои вазирони ВКД ҳам соле як бор баргузор мешавад ва аввалҳои моҳи июн ҷаласаи Шӯрои навбатӣ дар Душанбе мегузарад. Ба гуфтаи вазир, бар асоси қарордод ва тавофуқномаҳое, ки байни ниҳодҳои дохилии ду кишвар ба имзо расидааст, мубориза бо ҷинояткорӣ тавсиа ёфта, дар соли гузашта 65 нафар ҷинояткор дар Русия дастгир шуда ба мақомоти интизомию амниятииТоҷикистон супорида шуданд ва дар Тоҷикистон ҳам 6 нафар шаҳрванди Русия, ки ҷустуҷӯ мешуданд, дастгир ва ба мақомоти он кишвар дода шуданд. Ӯ омӯзиши беш аз 200 нафар ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои омӯзиши олии ВКД Русияро аз дигар бахшҳои ҳамкорӣ зикр кард. Ба гуфтаи вай, Қазоқистон кишвари дигари минтақа ва узви ИДМ ҳам аз ҳамкорони наздик аст. Дар ин кишвар низ бештар аз 50нафар фиристодагони вазорат таҳсил мекунанд. Бино ба гузориши вазири ВКД Тоҷикистон, пас аз беҳбуди равобити сиёсӣ бо Ӯзбекистон иқдомоте барои ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар низ ба нақша гирифта шудаанд. Дар нишаст, ки ба натиҷаи фаъолияти солонаи вазорат ихтисос ёфта буд, зикр гардид, ки соли гузашта аз 36 амали террористӣ пешгирӣ шуд ва дар дар робита ба ин талошҳои тахрибкорона, 50 нафарро боздошт карданд. Таъкид шуд, ки ин гурӯҳҳо қасд доштанд алайҳи шахсиятҳои алоҳида амали террористӣ анҷом диҳанд. Дар давоми сол 34 гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ ва 169 аъзои онҳо боздошт шудаанд. Дар бахши дигари ин нишаст қайд гардид, ки бар асоси иттилооти ба дастомада, баъзе аз гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон дар минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон ҷамъ омадаанд. Ба гуфтаи Раҳимзода, дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ором аст:«Мо дар ҳамкорӣ бо мақомоти афғон фаъолияти ин гурӯҳҳоро зери назорат дорем, то аз гузариш ба хоки Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунем",- гуфт вазир. Туркия дархостҳои Тоҷикистонро беҷавоб гузошт Масъалаи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалҳои террористии шаҳрҳои Туркия як мавзӯи баҳси ин нишаст буд. Ин мавзӯъ аз сӯи рӯзноманигорон дар ҳоле матраҳ шуд, ки пас аз боздошти нафари дастдошта дар амали террористии шаби Соли нав дар яке аз марказҳои дилхушии шаҳри Истанбул, мақомоти амниятии Туркия эълон карданд, ки шаҳрванди Ӯзбекистон А. Машарипов замони иқоматаш дар Туркия бо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дар иртибот буд. Раҳимзода дар мавриди омилони ҳамла ба як клуби шабона дар Истанбул ва то куҷо даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин амали террористӣ, ки бино ба хабарҳо 39 нафар кушта ва қариб 80 нафари дигар захмӣ шудаанд бо мақомоти Туркия дар иртибот ҳастанд.Вазири умури дохилии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар чанд соли ахир онҳо дар робита ба афроди алоҳида (шаҳрвандони Тоҷикистон), ки дар Туркия бо гурӯҳҳои террористӣ алоқа доранд, 20 дафъа ба Туркия нома ирсол карда, вале посухе ба нома ва дархостҳояшон дарёфт накардаанд. Ӯ гуфт: - Пас аз ин амали террористӣ аз туркҳо хостанд, дар мавриди афроди дар ҷустуҷӯбуда маълумот диҳем то онҳо ҷинояткоронро ба Тоҷикистон супоранд. азир дар робита ба онҳое, ки аз Тоҷикистон ба хориҷ рафта аз шварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дархости паноҳандагӣ мунанд, гуфт, ки ин шахсон бо сабабҳои иқтисодӣ ба ин кор даст задаанд Чунки дар Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ ва фишор қарор надоран. «Онҳо ишори мақомотро баҳона мекунанд, то барояшон ҳаққи паноҳандагдода шавад.» Вазир гуфт: - Ин нафарон метавонанд ба ватан баргарданд ва касе бо онҳо кор надорад. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.