Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

15-05-2018, 09:51
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Май 15, 2018 01:45

ДУШАНБЕ, 15.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари расмӣ мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, инчунин музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ дар назар аст.

Сарони давлатҳо натиҷаҳо ва нақшаҳои минбаъдаи рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҳамгироии сармоягузорӣ, инчунин фаъолият дар бозорҳои кишварҳои сеюмро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расонидани як зумра санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар назар аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: