Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шоири номдори тоҷик Бозор Собир бомдоди имрӯз даргузашт

Шоири номдори тоҷик Бозор Собир бомдоди имрӯз даргузашт

1-05-2018, 08:00
Хабарро хонданд: 311 нафар
Назарҳо: 0
Шоири номдори тоҷик Бозор Собир бомдоди имрӯз даргузашт
ДУШАНБЕ, Sputnik. Имрӯз 1 майи соли 2018 соати 5-у 10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш, аҳволи шоири номдор Бозор Собир дар Амрико бад шуд. Ӯро наздики як моҳ дар шӯъбаи эҳёи яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэл табобат карданд.
Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.
Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст. Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър кор кардааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: