Рушди сайёҳӣ - омили пешрафти иқтисоди миллӣ30-04-2018, 11:36
Хабарро хонданд: 441 нафар
Назарҳо: 0
Таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осоишгоҳи «Зумрад» конфронс таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ омили пешрафти иқтисоди миллӣ» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид. Ҳадаф аз баргузории он муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара аз ҷумла, осоишгоҳи «Зумрад» чашмаву обҳои шифобахш ва дигар захираҳои сайёҳии шаҳр, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад. Дар оғоз раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин баромад намуда, иброз дошт, ки шаҳри Исфара ҳамчун минтақаи наздисарҳадӣ барои рушди сайёҳӣ мувофиқ мебошад. Иншоотҳои сайёҳии Қалъаи Сурх, Лангари Моҳиён, мадрасаи Абдуллохон ва дигар захираҳои бойи сайёҳии шаҳр диққати ҳазорон сайёҳони хориҷиро ҷалб менамояд. Зимни суханронии худ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, зикр намуд, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои нотакрори табиати биҳиштосоямон, таваҷҷуҳи сайёҳони зиёди хориҷиро ҷалб намуда, Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдор бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» инчунин вобаста ба татбиқи имтиёзҳои андозиву гумрукӣ корҳои мушаххасро анҷом дода истодааст. Баъдан дар Конфронс директори кулли осорхонаҳои шаҳр Абдуманон Рауфов, директори ҶСК «Нилуфар» Набихон Авлиёев, сардухтури осоишгоҳи «Зумрад» Зуҳурулло Зоидбоев ва чанде дигар баромад намуданд. Дар анҷоми кори конфронс байни иштирокчиён муҳокимаронӣ вобаста ба мавзeъҳои матраҳгашта ва ташаббусҳои Пешвои миллат ҷиҳати имтиёзҳои роҳандозигардидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Боздид аз мавзеъҳои сайёҳии Лангари Моҳиён ва Ҳазрати Шоҳ анҷомбахши кори конфронс буд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.