РОҲИ НОҚУЛАЙ ВА «КАМИНГОҲ»-И БОБ25-04-2018, 16:20
Хабарро хонданд: 254 нафар
Назарҳо: 0
«Одам нашуданд» Мо шаҳрнишинон чанд гоҳе аз тартибот дар роҳҳои шаҳри Душанбе, барҳам хўрдани «постҳо»-и ғайриқонунии БДА ва сарҳуй будани «маршруткаҳо» халос шуда, хеле шод гаштем. Ҳарчанд танзими асосиро дар роҳ дурбинҳои назоратӣ хуб кардаанду мекунанд, вале бархе ронандагони пуштзўр «бодигӣ»-ро дўст медоранду каме ҷойи бекамераву кормандони БДА-ро ёфта, ҳатман ягон номаъқулӣ кардан мехоҳанд. Аксар мошинҳои калону қимат, ки маълум аст, моли киҳоянд бо ин амалашон тамбаҳои сунъиро ба вуҷуд меоранд. Онҳо бе ягон истиҳола муқобили ҳаракати муайяншуда мераванд, зеро медонанд, ки аз ҷазо масруфанд. Ба қавли мардум ҳанўз ҳам аксар «маршруткаҳо одам нашуданд». Боз ҳам якдигарро «тела дода» гузаштанашон, якбора бе даргирондани «поворотник» аз як роҳ ба роҳи дигар гузаштан, дар ҷойи номумкин мусофир савор кардан ва ё ногаҳон ист карданашон ҳоло ҳам мушоҳида мегардад, вале хушбахтона нисбати пешина камтар. Ба ҳар сурат аз ронандагони хатсайрҳо маърифати ронандагиро умедвор шудан ҳанўз барвақт аст, зеро рақобати носолим ва бахилӣ ҷойи инсофу маърифатро мегирад. Мушкиле, ки мехоҳем масъулини роҳ ҳарчи зудтар пайи ислоҳаш бошанд, то мўҷиби фалокате нагардад, ин аз сабаби баста шудани шоҳроҳҳо ва роҳҳои дутарафаи назди Қара-боло, ки баъд аз сохтани эстакада ва таҷдид ба яке аз роҳҳои зеботарини пойтахт табдил хоҳад ёфт, ба амал омадааст. Истгоҳҳои сари гардиш Нахуст шояд таваҷҷуҳ ба он дода мешуд, ки бо бастани роҳи калон роҳҳои майдатар, ки акнун сермошин мешаванд, бояд таъмир ва бо хатҳои муайянкунандаву нишонаҳо муҷаҳҳаз мешуд, то чун имрўз ба тамбашавӣ ва ё асабонияти ронандагони зиёд сабаб нагардад. Мусаллам аст, ки баъди гузаштани кўпруки байни «Автовокзалу – Қараболо» нақлиёт пештар ба ду роҳи ҳаҷман калон тақсим мешуд. Чи маршруткаву автобусҳо ва чи таксиву нақлиёти шахсӣ ба ҳамдигар халал нарасонида роҳи гузар пайдо мекарданд. Акнун аҳвол ана дар ҳамин «чорроҳа»-и сунъӣ, ки пештар гўё «сероҳа» буд, ҳозир хеле ташвишовар аст. Хушбахтона, чароғакҳои роҳнамое, ки дар ин гардиш баъдан шинонидаанд, мушкилро каме сабуктар намуд, вале ноқулайии ин чорроҳа дар он аст, ки дар гардишгоҳ ба кўчаи Шамсӣ то «круговой»-и Вазорати об, яъне дар роҳи кўчаи Шамсӣ қариб ҳамеша тамбаи сахт ва хатар ба ҷони ронандаву раҳгузар боқист. Мушкил ба фикри мо дар он аст, ки бо гардиш хўрдани мошинҳои беҳисоб акнун дар ин роҳи ягона, баъди 20-30 қадам, ҷое, ки ҳанўз мошин тоб хўрда нав рост мешавад, истгоҳ сохтаанд. Мусаллам аст, ки ин истгоҳ ҳамеша пури одам асту чандин автобусу маршруткаҳо аз ҳамин роҳ хатсайр доранд. Яку якбора 6-8 маршрутка барои фаровардан ё савор кардани мусофирон ин ҷо таваққуф мекунанд. Ғайр аз ин нуқтаи аз 4 –роҳи дигар тоб хўрдану равуои ҳама гуна нақлиёт ҳам дар ҳамин хати буриш аст. Бар замми ин истгоҳ ва назди яке аз факултаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ин роҳ ҷойи ҳамешагии донишҷўён ва равуокунандагони беморхонаи Қараболост. Акнун тасаввур мекунед, ки дар ин роҳи ҳамеша пуродаму сермошин истгоҳи автобусу маршруткаҳо дар ҷойи бе ин ҳам на он қадар васеъ чӣ талотуме ба вуҷуд меояд? Роҳи гузари кӣ? Субҳу шом ин ҷо гузар кардан барои ронандагони мошинҳо дарди сарест, ки ҳам вақтро мегираду ҳам хатарнок асту ҳам асабро хароб мекунад. Ба болои ин қадар равуои зиёди пиёдагардон бе ягон аломату раҳнамо ва сели мошинҳо боз бархе аз ронандагон чунон «сигнал» медиҳанд, ки ҳамаро безобита мекунад. Дар ин роҳ тавре гуфтем, ду истгоҳе, ки дар ҳарду тарафи роҳанд, ба гардишҳо хеле наздиканд. Маршруткаҳои қатор он ҷо таваққуф карда одам мефароранду одам савор мекунанд. Яъне ду «полоса»-ро дар ҳар ду самт доимо банд месозанд. Пиёдагардон ҳам беист ин ҷо дутарафа равуо дошта, бар замми ин сели донишҷўён ягон лаҳза ин маконро холӣ намегузоранд. Онҳо ҳам шояд барои таҳсил ба дигар беморхонаҳо равонаанду нақлиёт интизор мешаванд. Акнун тасаввур мекунед, ки онҳо ҷавонанду чӣ беақлонаву бепарвоёна ҷони хеш ба хатар гузошта аз пеши дилхоҳ мошину маршрутка давида мегузаранд? Зеро гузаргоҳи пиёдагард дар ин роҳ нишона ва ҷойи муайян надорад. Камингоҳи БДА ҳатман макони иштибоҳ аст? Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки дар ҳамин ҷойи ба қавли ҳамзабонони мо «шулуғ» (сермағалу серодаму сермошин) даҳ- бист қадам аз истгоҳ поинтар кормандони БДА меистанд. Чаро? Зеро тангии роҳ, серодамӣ, набудани гузаргоҳи пиёдагард ва дар сари гардиш ғайриқоида ист кардани маршруткаҳо ва таксиҳо барои онҳо «ҷойи даромаднок» аст. Яъне ҳар дақиқа иштибоҳ кардани ронанда ва ё мусофир сабаби қоидавайронкунӣ барои ронандагон аст. Вайрон кардани қоидаи роҳ ҷарима дорад, ки ин ҷаримаҳо аксаран (қариб 90 дар 100) дар ҳамон ҷо ба дасти корманди БДА супурда мешавад. Дигар «маршрути ҷарима» он ба куҷо равона аст, инро танҳо Худо медонад. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро кормандони БДА ба ҷойи танзими ҳаракати нақлиёт ва пиёдагард дар ҳамин роҳи танг, худашон боз се-чор мошинро қатор манъ карда ҳуҷҷат мебинанду аз ронандагон, ки худро бегуноҳ мешуморанд, «даъво» мешунаванд? Ин ҳол то он ки «муродашон» ҳосил шаваду қоидавайронкунро ҷавоб бидиҳад, давом меёбаду нисфи роҳ банд мешавад. Магар дар ҳамин ҷойи ноқулай камин гирифтани кормандони БДА бо дар як вақт манъ кардани 3-4 ё 5-6 мошин худ боиси тамбашавӣ намегардад? Мегардад. Саволи матраҳ ин аст, ки мақсад ва вазифаҳои кормандони БДА танҳо ёфтани қоидавайронкуниҳост ё пешгирии он. Аз «камингоҳҳо» маълум мешавад, ки мақсад танҳо ёфтани муҷримон аст. Вагарна чаро дар чорроҳаи сермошин онҳо ба танзими роҳ машғул нашуда, ба «ҷустуҷў» ва «ёфтан»-и чанд ронандаи камбағал машғуланд? Чаро боре дар ин «қатор»-и ташкилдодаи ин «танзимгарон»-и нақлиёт ягон мошини қиматбаҳоро намебинем? Ин мушкилест, ки борҳо расонаӣ шудаасту мешавад, вале чаро ҳаллашро намеёбад? Чаро мошинҳои бадвоҳимаи калоншавандаҳову бойбачаҳо, ки тамбаи сунъиро бо қоидавайронкуниҳошон ба амал меоранд, нигоҳ дошта намешаваду чор ронандаи «Опел»-и бечора доимо гунаҳгор аст? Магар он «зўр»-ҳое ки пеши назари мардум худсарӣ мекунанд, намеандешанд, ки обрўи мақомоти худ ё падарони номдори хешро мерезонанд? Нафрати мардумро нисбати мансабдору хотирдорон зиёд мекунанд. Номи мақомоташонро паст мекунанд? Суоли дигар ин аст, ки чаро истгоҳҳои бе ин ҳам ноҷойи сари гардиш ва ё ба хати буриши 4 –роҳ, ки хавфи зери чарх мондани роҳгузарони хурду бузургро ба вуҷуд меорад, ба дуртар (миёнатари роҳ) бурда намешаванд? Чаро корманди БДА ба равуои бисёр хатарноки маршруткаҳои бешумори ин роҳ таваҷҷуҳ накарда, онҳоро назорату танзим намекунанду мошинҳои дигарро низ маҳз дар ҳамин нуқта нигоҳ медоранд? Суолҳои зиёде бо дидани ин манзараҳои аҷоиби ҳаррўза бе посух мемонанд. Ин роҳи танги пури чуқурчаҳо, ки боиси ин тарафу он тараф гирифтани мошин (барои дар чуқурӣ назадан) мегардад, тавре дар боло гуфтем, хатҳои буриши роҳ надорад, барои ҳамин касе чи хеле, ки роҳ ёфт, мошин меронад. Хоса ронандагони нақлиёти мусофиркаш, ки аксаран савори мошини иҷораанду шояд аз задани мошинҳояшон тарс надоранд, «бераҳмона» дар ҳамон роҳи танг мошин «метозонанд». Хулоса, агар ин «танзимгарон» чунин «кор» кунанд, то ба кор даромадани шоҳроҳҳо ва анҷоми сохтмони роҳҳои нав, ки шояд чанд сол давом кунад, асабонияту бесарусомонӣ боқӣ хоҳад монд. Аммо танзим ва ба тартиб овардани аломатҳои муайянкунанда (хатҳои сафед) ва ҳамвор сохтани ин роҳи хеле кўтоҳ кори чанд рўзаест, ки баъдан ба даҳсолаҳо метавонад дар хидмати мардум бошад. Дар зимн бояд гуфт, ки дар истгоҳи «Сирк», ки нисбат ба бесомониҳои пештар каме беҳтар шудааст, ҳанўз хатар ва мушкилот боқист. Дар ин ҷо ҳам кормандони БДА дар тангии роҳ, ки ҷойи ҳаракати зиёди мошину маршруткаҳо ва новобаста ба доштани гузаргоҳи зеризаминӣ давида гузаштани пиёдагардон зиёд аст, ин ҷойро бе назорат монда, поёнтар истода мошинҳоро манъ мекунанду гўё ҳуҷҷат тафтиш менамоянд. Ин манзара ҳам бо он ҷолиб аст, ки ҳамарўза хатар дар болотар асту поинтар кормандони БДА-ро мебиниву ду-се «Опел»-и манъшудаву 3-4 мардро дар либосҳои хоксорона, ки назди «гаишник» бечоравор зораву тавалло доранд. Дар ҳоле, ки сели мошинҳои қиматбаҳо ва маршруткаҳо бо суръати баланд ин манзараи ҳузнангезро бепарвоёна убур мекунанд, ранги зарду чеҳраҳои ғамгин ва сари хами ронандаҳои «Опел»-ҳо пеши кормандони хурсанду сарбаланди БДА чӣ маъно дорад? Худ қазоват кунед… Қобили зикр аст, ки мутаассифона, чунин манзараи яке бечораву сархам ва дигаре бо кибру ғурури хос хунсарду бепарво салобат кардан, танҳо «пейзаж»-и хоси кишвари мост, ки вақти дигар кардани он кайҳо расидааст. Бозрасии давлатии автомобилиро месазад, ки таваҷҷуҳ ба вайрон нашудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дошта бошанд, на ба он, ки дуртар аз ҷойи ноқулай камин бигиранду бубинанд, ки қоида вайрон шавад, то онҳо ҷазо бидиҳанд. Ё не? Ҳанўз маводи мо омодаи нашр нашуда буд, ки рўзи 16 апрел «коллапс»-и бузургтаре дар ин роҳ гуфтаҳои моро тасдиқ кард. Сар аз назди автовокзал то «круговой»-и кўчаи Шамсӣ зиёда аз 1000 мошин тамбаеро аз ду тараф ба вуҷуд оварданд, ки 3 нафар кормандони БДА дар он рўзи боронӣ пеши ин «сели мошин» бечора монданд. Дар миёни ҳамин қадар автобусу маршруткаву таксиву мошинҳои шахсӣ 3 нафар (!) корманди БДА ба ҳар тараф давида коре аз дасташон намеомад, ҷуз танзим бо ҳақорат: «Ҳай кун, э… очата…»), вале чўбдасте, ки бо рангҳои сиёҳу сафед маҳз барои танзими нақлиёт дар дасташон буд, бекор мемонду танзими «даҳонӣ» ронандагони бе ин ҳам ночору асабониро раҳгумтар мекард. Дар зимн: ҳангоми аксбардорӣ яке аз нозирони роҳ акси ману мошинамро ҳам барои «эҳтиёт» бардошт. Агар аз ҷониби кормандони БДА ҷазо бинам, сабабашро шумо медонед… Ҳуриннисо Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.