Панҷшанбе, 24 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон ва Чин барои коркарди захираҳои маъдан корхона таъсис медиҳанд

Тоҷикистон ва Чин барои коркарди захираҳои маъдан корхона таъсис медиҳанд

12-03-2025, 10:56
Хабарро хонданд: 522 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон ва Чин барои коркарди захираҳои маъдан корхона таъсис медиҳандТаъсиси корхонаҳои муштарак барои коркарди захираҳои маъдан ва рушди ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва дигар масъалаҳои вобаста ба он 7 март зимни вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода бо ҳайати шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба истифодаи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, инчунин тавсеаи имконоти логистикӣ ва рушди инфрасохтори нақлиёт мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо рушди ҳамкории стратегии Тоҷикистон ва Чинро мусбат арзёбӣ намуда, масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва инфрасохтори нақлиётиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бо назардошти таҷрибаи шаҳри Қошғар дар рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва коркарди захираҳои табиӣ зарурати таҳияи лоиҳаҳои муштарак мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: