Сешанбе, 22 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истеъмоли занбурӯғ раванди пиршавиро ба таъхир андохта, ба ҷавону зебо мондан мусоидат менамояд

Истеъмоли занбурӯғ раванди пиршавиро ба таъхир андохта, ба ҷавону зебо мондан мусоидат менамояд

11-03-2025, 12:27
Хабарро хонданд: 522 нафар
Назарҳо: 0
Истеъмоли занбурӯғ раванди пиршавиро ба таъхир андохта, ба ҷавону зебо мондан мусоидат менамоядЗанбурӯғ таъму бӯи хуш ва моддаҳои серғизо — витаминҳои А, В, Д, РР, С дошта, аз ин рӯ чун маҳсулоти хӯрокворӣ маъмул гардидааст. Инчунин дар таркиби он пайвастҳои фосфор, сулфур, калий, хлор, руҳ, мис, хром, оҳан ва дигар микроэлементҳо мавҷуд буда, аз 2,8 то 5 фоиз сафедаҳои зудҳазм дорад. Маҳз барои ҳамин онро «гӯшти ҷангалӣ» ё «гӯшти растанӣ» меноманд.

Яке аз сабабҳое, ки занбурӯғро бояд бештар истеъмол кард, он аст, ки занбурӯғ дорои полиаминҳо, яъне моддаҳое мебошад, ки боиси дарозумрии инсон мегарданд. Тавре ташхису таҳқиқот нишон додаанд, дар ҷисми нафарони дарозумр миқдори зиёди полиаминҳо вуҷуд дорад.

Занбурӯғҳо ба таври гетеротрофӣ, яъне аз ҳисоби моддаҳои органикии бофтаҳои растанию ҳайвонот ғизо мегиранд. Моддаҳои равғани липоидҳо ва фосфоридҳои таркиби он зудҳазм мебошанд. Қанди таркиби занбурӯғ (глюкоза) онро серғизо ва ширин менамояд. Барои инсон таомҳои занбурӯғӣ фоидаи калон доранд. Аммо шахсоне, ки ба касалии ҷигар ва меъдаю рӯда гирифторанд, бояд аз истеъмоли таомҳои занбурӯғӣ худдорӣ намоянд.

Дар асари Абӯалӣ ибни Сино «Ал-Қонун» дар бораи занбурӯғ ҳамчун ғизо ва воситаи табобат маълумоти зиёди муҳим оварда шудааст.

Тибқи таҳқиқоти мутахассисон, занбурӯғ ғадуди шириро пешгирӣ менамояд. Дар таркиби тамоми намудҳои занбурӯғ сафеда ва антиоксидантҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки системаи муҳофизатии организмро пурқувват мегардонанд. Занбурӯғ раванди пиршавии организмро ба таъхир андохта, ба ҷавону зебо мондани шахс мусоидат менамояд. Ба ғайр аз ин, дар таркиби занбурӯғ витамини D мавҷуд мебошад, ки дар айёми тирамоҳ ва зимистон барои организми инсон муфид мебошад.

Дар таркиби занбурӯғҳо витамини D мавҷуд аст, ки мубодилаи калсий ва фосфорро дар бадани инсон танзим намуда, инчунин ба системаи масуният таъсири мусбат мерасонад. Ин витамин махсусан дар давраи тирамоҳу зимистон намерасад.

Нахи дар занбурӯғ мавҷудбуда ба нигоҳ доштани меъёри қанди хун мусоидат намуда, хатари инкишофи диабети навъи дуюмро коҳиш медиҳад.

Дар ҷаҳон якуним миллион намуди занбурӯғ мавҷуд мебошад. Онҳо дар ҳамаи минтақаҳои Замин ҷойгиранд ва дар ҷойҳои хеле намнок мерӯянд. Ҳангоми истеъмоли занбурӯғ одамоне, ки дар бораи навъҳои он маълумоти кофӣ надоранд, бояд бештар эҳтиёткор бошанд. Зеро сатҳи заҳролудшавӣ аз баъзе намудҳои занбурӯғҳо баланд аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: