Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бозёфти нав дар осорхона

Бозёфти нав дар осорхона

25-12-2015, 13:00
Хабарро хонданд: 538 нафар
Назарҳо: 0
Бозёфти нав дар осорхона
Кормандони осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии шаҳр бозёфти наверо ба даст оварда, ба марази тамошобинон гузоштанд. Ин бозёфт устухондони даврони зардуштӣ буда ба асрҳои VI-VII мелодӣ таалуқ дорад ва аз деҳаи Обҷувози шаҳри Истаравшан ёфт шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар гузашта то омадани арабҳо аҷдодони мо пайрави дини зардуштӣ буда, устухонҳои фавтидагони аъзоҳои оилаи худро дар устухондонҳои махсус сохташуда андохта дафн менамуданд. Устухондон шакли секунҷаро дошта, қисми поёнии он паҳн буда то рафт ба боло хурд шуда рафтааст. Ассуара ё устухондон инчунин сарпӯш дорад, ки дар болояш ҳайкалчаи саг ё шермонанд сохта шуда, он вазифаи дастаи сарпӯшро иҷро менамояд. Ин бозёфт дар таги замин дар ҳолати хуб вайрон нашуда то даврони мо омада расидааст. Зеро гиле, ки он сохта шудааст хуб омехта карда шуда, дар ҳарорати то 150 дараҷа устокорона пухта шудааст. Кормандони осорхона доимо аз паи ёфтани бозёфтҳои нав ҳастанд ва аз шаҳрвандон даъват ба амал меоранд, ки чунин бозёфтҳоро ба осорхона, ки хазини меъроси ниёгонашон мебошад оварда супоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: