Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе3-04-2018, 07:32
Хабарро хонданд: 187 нафар
Назарҳо: 0
02.04.2018 19:29, шаҳри Душанбе Рӯзи 2 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакӣ шинос шуданд. Дар ин ҷо нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ, ки дар қисми ғарбии Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, муаррифӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии гулгашти мазкур наздики 3 гектарро ташкил медиҳад. Фармоишгар Корхонаи Воҳиди Давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва пудратчӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Озодӣ ва компания” мебошанд. Корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо аз моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, дар рафти бунёд то 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Аз руи маълумоти мутахассисони ширкати сохтмонӣ гулгашт мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо дизайни хеле замонавӣ бунёд карда мешавад. Майдони қариб 1 гектар замини гулгашт кабудизор карда шуда, сохтмони фаввораҳои гуногун, чароғонкунӣ, шинонидани сафолакҳои ранга дар масоҳати 16 ҳазор метри мураббаъи роҳравҳо, бунёди майдончаҳои бозии кӯдакона, қаҳвахонаи тобистона, гузоштани 60 адад курсиҳо ва таъмини дигар инфрасохтори зарурӣ дар назар аст. Баъди муаррифии лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳамин ҷо дарахти каштан шинониданд. Мавриди зикр аст, ки иқдоми бунёди ин гулгашт, ки дар як ҷойи хеле мувофиқу маркази хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст, ҳанӯз аз ҷараёни як маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд. Ҳамон вақт роҳбарони аксар вазоратҳо, кумитаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ бо ҳисси баланди ватандорӣ уҳдадор шуданд, ки дар рушду пешрафти ҷомеа, шукуфоии диёр ва ободонии пойтахти кишвар саҳми муносиб мегузоранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сохтмончиён онҳоро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят карданд. Бояд гуфт, ки тайи як соли охир бо бунёди иншооти гуногун, майдончаҳои бозии кӯдакона, варзишгоҳҳои муосир ва дигар корҳои ободонӣ аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Душанбе ва сокинони пойтахт шаҳри Душанбе хеле ободу зебо гардид. Мақсад аз бунёди гулгашт дар хиёбони Рӯдакӣ низ идомаи ҳамин корҳои созандагӣ мебошад. Дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд кардани чунин марказҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинон ва меҳмонони хориҷӣ ба манфиати кор аст. Имсол ҳамчунин шаҳри Душанбе чун солҳои қаблӣ макони баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои давлатӣ бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ дастур доданд, ки дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва маркази шаҳру ноҳияҳои пойтахт барои боз ҳам зебо шудани муҳити атроф гулу буттаҳо ва дарахтони зебои ороишӣ шинонанд. Тавре маълум аст, солҳои охир бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони соҳа аз кишварҳои хориҷ дарахтони акатсия, павлония, каштан, клеон, липа, секвоя, пихта, кедр, ел, канзан, берёза, магнолия, тис, олу, буттаҳои сиренаи ҳиндӣ, кипарис, садбаргу лолаҳои ранга ва дигар намуди ниҳолҳои дарахтони ороишию ба саломатии инсон фоидаовар ворид кардаанд. Ҳамаи ин гулу буттаҳо ва дарахтони ба Тоҷикистон воридгардида ба иқлими боду ҳаво ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон мутобиқ мебошанд ва айни ҳол боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакатро зебу зиннат медиҳанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.