Маросими гулчанбаргузорӣ дар назди Муҷассамаи ҳимоятгари Ватан15-03-2018, 11:45
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
15.03.2018 11:34, Қазоқистон
15 март дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони баруманди халқи қазоқ дар назди Муҷассамаи ҳимоятгари Ватан гулчанбар гузоштанд. Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи Ҷумҳурии Қазоқистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд. Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамроҳӣ карданд. facebook twitter |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.