Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон

9-03-2018, 11:48
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон
09.03.2018 10:45, шаҳри Душанбе


9 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Майдони фурудгоҳ ба хотири ташрифи роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон идона оро ёфта буд.

Пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишона аз анъанаҳои неки аҷдодии гиромидошти меҳмон, самимияти мардуми тоҷик ба муносибатҳои неки дӯстию хешутабории ду халқ, таваҷҷуҳ ба рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи равобити барои ҳар ду ҷониб судманд мебошад.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардида бошад ҳам, дӯстию рафоқати халқҳо таърихи қадим ва бою рангин дорад.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои фазои бузурги фарҳангӣ-гуманитарӣ, сарҳади умумӣ ва робитаҳои инкишофёфта буда, метавонанд рафтуомади озоди аҳолӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳоро фароҳам оранд, барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳар ду давлат мусоидат намоянд ва иктидори транзитии якдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳо истифода баранд.

Мавриди зикри хос аст, ки тайи рӯзҳои охир бо талошҳову ташаббусҳои неки сарони давлатҳо наздики 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд, ки мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояи нек расонд.

Умед аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои санадҳои нави меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо, барои таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Пас аз анҷоми маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар толори пазироии меҳмонони олимақоми Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як суҳбати кутоҳи самимӣ доир карданд.

Сарони давлатҳо аз имкони ин дидор ва нахустин ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳилаи нави рушду густариши муносибатҳои неки дӯстию ҳамсоягӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: