DataLife Engine > Фарханг > Фестивали «Наврўз — мероси фарҳангии сайёҳӣ» доир мегардад

Фестивали «Наврўз — мероси фарҳангии сайёҳӣ» доир мегардад


28-02-2018, 09:04. Разместил: admin
Фестивали «Наврўз —  мероси фарҳангии сайёҳӣ» доир мегардад
22 марти соли равон дар шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, Фестивали «Наврўз - мероси фарҳангии сайёҳӣ» доир мегардад. Инро Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттлоъ дод. ӣ
Дар ин фестивал ҷашни байналмилалии Наврўз ҳамчун симои (бренди) сайёҳии Тоҷикистон ба доираи васеи сайёҳон, ки дар арафаи Наврўз ба Тоҷикистон ташриф меоранд, муаррифӣ шуда, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои сайёҳии кишвар, ҳунармандони ҷумҳурӣ бошанд маҳсули ҳунарҳои дастии худро ба намоиш мегузоранд ва барномаи фароғатӣ - сайёҳӣ ташкил карда мешавад. Қарор аст ин тадобир минбаъд ба ҳукми анъана даромада, бо усули доимии ҷалби сайёҳони хориҷӣ табдил дода мешавад.
Гуфта шуд, ки барои муаррифии Наврўзи байналмилалӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ корҳои муайян анҷом дода шуда, дар назар аст, ки имсол гурўҳҳои сайёҳон барои ширкат дар ҷашни байналмилалии Наврўз ба ҷумҳурии мо сафар мекунанд.
Иқдоми мазкур аввалин маротиба бо сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ мешавад.
Ҳасан Азизов

Вернуться назад