Падидаи сиёҳ20-02-2018, 08:21
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
Худкушӣ, ин мафҳумро дар забонҳои мухталифи дунёӣ «суицид» меноманд ва решааш аз забони лотинӣ sui caedere гирифта шуда, маънояш худамро мекушам аст. Ин рафтори номатлубро соли 1897 олими ҷомеашинос Эмил Дюркгейм ба арсаи илм кашид ва мавриди таҳқиқ карор дод. Ӯ дар рисолаи илмии худ бо номи «Худкушӣ» («Le suicide») чунин таърифи онро меорад: «Худкушӣ амалест, ки инсон максаднок худро ба катл мерасонад». Оре, инсон бо мақсади муайян ва гоҳе бемақсадона бо таъсири бемории равонӣ, даст ба худкушӣ мезанад. Онҳое, ки бо роҳи сӯзондан ин амалро иҷро кардани мешаванд дар бисёр ҳолатҳо зинда мемонанд ва баъди чашидани дарди ҷонкоҳ аз амали иҷро кардаашон сахт пушаймон мешаванд. Аммо сад афсус, ки худкардаро даво нест… Агар тасвири умумии худкуширо аз нигоҳи олимони давр мавриди назар қарор диҳем ба ақидаи бештари олимони ҷомеашиноси дунёӣ ин рафторест, ки аз натиҷаи номутобиқии равонию иҷтимоии шахс бо ҳолатҳои номусоиди зиндагӣ бармеояд. Мувофиқи нишондоди Созмони байналмиллалии тандурустӣ (ВОЗ) ҳар сол қариб 800 ҳазор нафар одамон дар курраи замин даст ба худкушӣ мезананд. Баъди ҳар чил сония дар рўйи олам нафаре бо хоҳиши худаш ин оламро падруд мегўяд. Соли 2017 Созмони байналмиллалии тандурустӣ (ВОЗ) тадқиқот гузаронида ба хулосае омад, ки баъди пирони солхўрда бештар ҷавонони аз 15 то 30 сола ба ин кор даст мезананд. Равоншиносон ду амали асосии худкуширо мавриди таҳқиқ қарор дода ба чунин хулоса омадаанд; -ин амали манфурро гуруҳе аз одамон дар алоҳидагӣ, бе шоҳидии касе ба ҷо меоранд ва зумрае пеш аз маргашон нома менависанд. ҳ -гуруҳи дигар дар байни издиҳом ва ё дар рў ба рўйи мардум намоишкорона даст ба худкушӣ мезанад. Акнун саволе ба миён меояд, ки инсон дар кадом ҳолатҳо худро ба коми марг ҳавола месозад. Тибқи сарчашмаҳо маъмулан фард дар зиндагӣ ҳангоме даст ба худкушӣ мезанад, ки дигар умеде ба зиндагӣ надорад ва рохи ҳалли мушкилот ва монеаи пешомадаро дида наметавонад. Тамоми вуҷудашро яъсу ноумеди фаро мегирад ва он гоҳ осонтарин роҳи халоси аз ин вартаро дар нобут сохтани худ мебинад. Дар зиндагӣ баъзан мо ба мушкилоте рў ба рў мешавем, ки қодир ба ислоҳи он нестем ва баъзан падидаи сиёҳи дилсардӣ ба мо ҳамла мекунад. Агар ақламон солим ва нигоҳамон рушан бошад мо ҳеҷ гоҳ худро нобут намесозем, зеро заковати одамиӣ метавонад дилхоҳ гиреҳи сарбастаро кушояд, яъсу ноумедиро аз вуҷуди мо рабояд. Аммо мутаассифона на ҳама одамон иродаи қавӣ ва истодагарӣ карда метавонанд. Сабагори сахт асабонӣ шудан ва аз шиддати асабоният ба ҳолати бехудӣ рафтан, ҳодиса, воқеа, муносибат ва рафторе шуда метавонад, ки ҳолати руҳии одамиро таѓир дода, ўро ба олами бехудӣ мебарад. Агар майнаи одам замоне осеб дида бошад ва ё ба бемории равоние гирифтор шуда бошад он аз нав хуруҷ мекунад ва инсон ба ҳолати бехудӣ гирифтор шуда, кирдори дар пеш истодаро эҳсос карда наметавонад. Аз ҳама зиёд ба тафаккури одамӣ бехудии (депрессия) шадид таъсир мерасонад ва тақрибан 60 фоизи мубталоёни ин беморӣ худро ба коми марг мекашанд. Агар маъвои ин падидаи сиёҳро фасеҳтар мавриди андеша қарор диҳем, он инкори се эҳсоси волои инсонист -умед, эътимод, мухаббат ва ин се мазмун тимсоли асосии зиндагиномаи инсонӣ ба шумор мераванд. Дар ҳақиқат зебогии зиндагӣ умед ва боварӣ аст ва агар дар замири мо умеду орзу ва эътимод набошад, он гаҳ ҳаётамон мароми якрангӣ гирифта пучу бемаънӣ мешавад. Маҳз ана ҳамин мазмун дар ниҳоди инсони сустирода нахуст андешаҳои худкушро пайдо мекунонад. Мутаассифона таи солҳои охир худкуши дар ватани мо, бахусус дар байни ҷавонони то 35 сола хеле зиёд шудааст ва ин «Падидаи сиёҳ» гирдоберо мемонад, ки сол тол ба коми худ даҳҳо нафар шаҳрвандони моро мекашад. Пас ин равиши номатлубро чӣ гуна метавон пешгирӣ кард. Қабл аз ҳама ба мо маълум аст, ки яке аз пояҳои асосии даст ба худкушӣ задан бемории равонӣ хаст. Аммо таҷрибаҳо нишон додаанд, ки табобат кардани маризҳои равонӣ хеле мушкилӣ доранд ва ин намуди беморӣ солиёни дароз дар вуҷуди бемор ноаён маҳфуз мемонанд. Таѓоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.