Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Дидорбинӣ

23-02-2018, 10:04
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Дидорбинӣ
Дар арафаи ҷашнгирии 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар «Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд» Фирдавс Шарифзода иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокини кӯчаи Хушбахтии шаҳри Хуҷанд Қосим Мирзохонов аёдат карда шуда, ба ӯ маводҳои хӯрока дастрас гардиданд.
Дар вохӯрӣ иштирокчиён аз хизматҳои шоёну шоистаи Қосим Мирзохонов ёдовар шуда, ӯро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 25-солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.




«»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»»

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию вилоятии ҳизб ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз шароити зиндагии Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ ва аҳли оилаи онҳо кормандон ва аъзоёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳоро доир намуданд.
Бо ин мақсад модари мушфиқ, зане, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри сипаригардида фарзанди худро бо сабаби нофаҳмиҳои дар кишвар ба амаломада гум кардааст, аёдат карда шуд. Дар ин аёдат муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва мудири шўъбаи ташкилӣ Маҳмадсалим Ҳаитов ширкат карда, аз номи роҳбарияти ҲХДТ ба модари азиз саломатии бардавомро таманно намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: