Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Иҷрои рақси тоҷикӣ дар рӯи пули Бруклин дар Амрико

Иҷрои рақси тоҷикӣ дар рӯи пули Бруклин дар Амрико

21-02-2018, 10:21
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
Иҷрои рақси тоҷикӣ дар рӯи пули Бруклин дар Амрико
Дар наворе, ки Назир Аббос, аксбардори амрикоӣ, сохтааст, духтаре амрикоӣ пироҳани тоҷикӣ бар тан ва дар навои таронаи Нигина Амонқулова дар рӯи пули Бруклин мерақсад
Духтари амрикоӣ Тара аз хурдсолӣ рақсҳои шарқиро омӯхта будааст.“Ман ҳунари рақсии мардумони Осиёи Марказӣ – Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Эронро бисёр дӯст медорам”, — гуфт Тара дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
Ин ишқ ӯро соли 2015 ба Тоҷикистон бурд ва ӯ нахустин хориҷие шуд, ки узви ансамбли миллии рақси Тоҷикистон шудааст. Боре Тара дар барномае ҳунарнамоӣ карда, ки барои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иҷро шуда будааст.
Тара Пандея ҳам раққос аст ва ҳам рақспардоз ва ҳамроҳ бо гурӯҳи ҳунарии Сирки Ду Солей дар 170 шаҳр, аз ҷумла Душанбе, ҳунарнамоӣ кардааст.
Назир Аббос худ аз тоҷикҳои Покистон аст ва то кунун чандин аксу навор аз тоҷикдухтарон дар Амрико гирифтаву мунташир кардааст. Ӯ порсол ба Тоҷикистон сафар карда ва силсилааксҳое аз табиату мардуми вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон омода карда буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: