Таҳти раисии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид5-02-2018, 08:00
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. 30 январи соли 2018 дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Зимни ифтитоҳи ҷаласа Раиси Шӯро, Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ Маҳмадшариф Ҳақдод қайд намуд, ки дар асоси Қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ аз 11 октябри соли 2017, вазифаи раисии Иттиҳод дар соли 2018 ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст. Дар Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он як қатор чорабиниҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва фаъолсозии раванди ҳамгироӣ дар доираи ИДМ ба назар гирифта шудаанд. Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои Шӯрои намояндагони доимӣ лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ-ро, ки 6 апрели соли ҷорӣ дар ш. Минск баргузор хоҳад гардид, мувофиқа карданд ва Нақшаи кории Шӯроро барои соли 2018 тасдиқ намуданд. Ҳамзамон, ҳозирин имконияти фаъол намудани муқаррароти Консепсияи минбаъдаи рушди ИДМ-ро, ки тибқи Қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ 5 октябри соли 2007 тасдиқ гардида буд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Илова бар ин, дар ҷаласа дурнамои рушди заминаи ҳуқуқии Иттиҳод ва номзадҳои роҳбарони ҳайати нозирони ИДМ дар интихоботҳои Президенти Федератсияи Россия (18.03.2018) ва вакилони Маҷлиси намояндагони Туркманистон (25.03.2018) ҳамоҳанг гардид. Дар фарҷоми ҷаласа, иштирокчиён санаи баргузорӣ ва лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ-ро тасдиқ намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.