Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Хабарҳо

Хабарҳо

16-01-2018, 10:26
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
Хабарҳо
 Хабарҳо
Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Маркази клиникавии эндокринологӣ вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, ки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Азимов ширкат варзиданд, оиди нуктаҳои муҳими Паём ибрози андеша намуд. Аз ҷумла, мавсуф иброз дошт, ки дар Паёми имсола дастовардҳои соли 2017 ва нақшаҳои мушаххас дар соли 2018 тарҳрезӣ гардида баробари ин Сарвари давлат баён намуданд, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзун шудани маблағгузорӣ дар ду соли охир садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизотҳои тиббӣ – замонавӣ мебошанд, мавриди истифода қарор дода шуда, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад.
**** **************************


Дар ташкилоти ибтидоии «ОКТ №56» ва «Агроинвестбонк» Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, ки мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия Фирдавс Саидов ширкат варзида, оиди нуктаҳои муҳими Паём ибрози андеша намуд.
Зимни вохӯрӣ намояндаи ҳизб оид ба самтҳои асосии Паёми навбатии Сарвари давлат, дар бораи дастовардҳои соли сипаришуда, ки дар сафҳаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо воқеаҳои фараҳбахш - таҷлили сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ, бунёди иншоотҳои азим, татбиқи лоиҳаҳои сарнавиштсоз мавқеи сазоворашро ишғол намуд, сухан кард. Ҳамзамон дар Паём дурнамо барои солҳои оянда, қабул ва эълон гардидани Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» ва соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки моро ба фаъолнокӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагиву бунёдкорӣ даъват менамояд, махсусан қайд гардид.

*****************************



Бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, намояндаи Кумиҷроияи вилоятии ҳизб Халилзода Набиҷон, аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ, фаъолони ҳизб дар маҷлисгоҳи кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.
Чорабиниро раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни оғоз бахшида, ҷамъомадагонро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно намуд.
Мавсуф дар бораи ташаббуси навбатии Сарвари давлат вобаста ба неъмати бузурги табиӣ - об, масъалаи амнияти Афғонистон, нишонидиҳандаҳои макроиқтисодӣ, афзуншавии маҳсулоти саноатӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ки дар Паём қайд шудааст, назди ҳозирин баромад намуда, таъкид дошт, ки 61 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд низ имрӯз дар давлатҳои Ироқу Шом бинобар гумроҳӣ ва кутоҳандешӣ дар майдонҳои набарданд.
Маликисломӣ Наим Мунаввар дар баромадаш зикр сохт, ки маҳз оромии ҷомеа сабаб шуд, ки имрӯз сатҳи зиндагии сокинон боло равад. Мавзӯи меҳварии Паём таъмини зиндаги шоиста ба сокинон маҳсуб шуда, ба андешаи Сарвари давлат бояд миллати солим ғизои солим истеъмол намояд. Таъсиси се сохтори нав вобаста ба назорат ва воридоти маҳсулот фикр мекунам, ояндаи наздик барои боз ҳам хубтар шудани талаботи моддии сокинон мусоидат менамояд.
Дар идомаи кори ҷаласа аъзоёни комиҷроия санаи баргузории даъвати конференсияи 20 –уми ғайринавбатиро вобаста ба пешниҳоди номзадии вакил бар ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи вилоятии “Бофанда-2 ” тасдиқ намуданд.
Конференсияи ғайринавбатӣ санаи 19 январ доир мегардад.
Бо ҳамин кори ҷаласа хотима ёфт.

*******************************

Рушди соҳаи иқтисодиёт миллии мамлакат ва усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ яке аз ҳадафҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода менамояд.
Вобаста ба ин дар Ҷамъияи саҳҳомии пушидаи “Ширин” бо кормандони корхонаи мазкур оид ба расонидани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни ҷаласа, Кароматулло Олимов -сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯсо Асозода- раиси Ассосатсияи воситаҳои мустақими электронии иттилооти оммавии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, муовини Раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Искандарзода Раъно, муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Гулов Зафар, директори генералии Ҷамъияи саҳҳомии пушидаи “Ширин” Давлатов Қобилҷон ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҳикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок карданд.

*********************************


Бо мақсади шаҳру эзоҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Раёсати Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсӣ ва афсарону сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрии мазкур ваклони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ва Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович, аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустамҷон, аъзои гуруҳи кории таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯсо Асозода- раиси Ассосатсияи воситаҳои мустақими электронии иттилооти оммавии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода Заринна, муовини Раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Искандарзода Раъно ва намояндагони Васоити ахбори оммаи кишвар иштирок намуданд.


************************************


Паём дар баробари дигар самтҳои муҳими рушди кишвар ифодагари тараққи додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арасаи байналмилалӣ мебошад.
Бо мақсади расонидани ҳадафҳои нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Муассисаи таҳсиолти миёнаи умумии №86 бо сокинони шаҳракҳои Зарафшонғ1,2 ва маҳаллаи Испечак-2 вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович, аъзои гуруҳи кории таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯсо Асозода- раиси Ассосатсияи воситаҳои мустақими электронии иттилооти оммавии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, муовини Раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Искандарзода Раъно ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода Заринна дар бораи самтҳои асосии дар Паём ироа гардида, аз ҷумла рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ташаббусҳои созанда дар масъалаҳои байналмилалӣ, мубориза ба зиддди тероризму ифротгароӣ, баргузории чорабиниҳои муҳими вобаста ба масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ, тақвияти рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат, рушди соҳаи сайёҳӣ ва дигар самтҳо андешарониҳо намуданд.

**********************************
Ҳамасола моҳи декабр, дар поёни соли милодӣ ва фурсати наздик ба ҳузури Соли нав рӯйи кор омадани Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муҳимро барои мо шарҳу тафсир месозад ва ҳамчун як номаи ҳидоятӣ ба барномаи як соли рӯзгори мардум асос мегузорад, дар ташкилоти ибтидоии «Таваллудхонаи шаҳрӣ» низ мавриди пазироӣ ва ҷонибдории ҳаматарафи қарор гирифт.
Меҳвари асосии барномаи боз як соли пешрафтҳои Тоҷикистони азизро ҳамоно ҳадафи олии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии шоистаи мардум ба вуҷуд овардаанд.
Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ аз воситаҳои муҳими таъмини некӯаҳволии мардум буда, эълони Соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ метавонад, барои ривоҷу равнақ ва ташаккули фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавӣ шароити мусоид фароҳам оварад, - иброз дошт, дар баромади хеш мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева.
Дигар нуктаҳои муҳими Паём аз тарафи Раиси ташкилоти мазкур Бузурукова Шоира Камоловна мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва ҳамовозии ҳаматарафаи коркунони таваллудхонаи шаҳриро ба КИВ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои хирадмандонаи Паёми Пешвои миллат оид ба соҳаи тандурустӣ расонид.
Ҳамзамон, музокирачиён, - табиби эҳёгар Ғафуров Абдурашид, духтури амрози занона Ҳусейнова Гулнора пазироии хешро аз ғамхориҳои дилсӯзонаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки дар роҳандозӣ намудани дастуру супориш, ташаббусу иқдомҳои фардоафрӯзи Сарвари давлат камари ҳиммат баста, саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: