Назария дар амалия5-11-2015, 10:15
Хабарро хонданд: 343 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ пас аз ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа, дар пеши худ мақсад гузошт, ки бевосита, аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дидан кунанд. Бо ин мақсад, ҳайати гуруҳи корӣ ташкил карда шуд. Ба ҳайати гурӯҳ аъзои раёсат ва кумиҷроия шомил шуда, онҳо аз санаи 29-ми октябр то 4-ми ноябр дар ҷамоати деҳоти Мадрушкат, Самҷон, Водиф, Ярм, Ланглиф, Туро, Деҳҳавз, Беҳисор, Роғ, Палдорак ва Падаск бо мардум вохӯрда, ба сокинон оид ба ахамияти стратегии қабули Сарқонуни ҶТ, муҳимияти Қонунҳои кишвар «Дар бораи танзими расму оинҳо» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суҳбат оростанд. Ҳамзамон, дар як вақт барои беҳбудии вазъи ташкилотҳои ибтидоӣ ва обуна, ба нашрияҳои ҳизбӣ дастур дода шуд. Махсусан ҷалби ҷавонон ва занон, пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуб, гарвидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар меҳвари баромади гурӯҳи корӣ буд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.