Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон дар ҷодаи рушди устувор

Тоҷикистон дар ҷодаи рушди устувор

6-11-2017, 09:22
Хабарро хонданд: 281 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон дар ҷодаи рушди устувор

Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ҳуҷҷати муҳим Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030-ро қабул кард, ки дар он саноатикунонии кишвар, таъмини самаранокии фаъолияти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, рушди неруи инсонӣ ва гуногунсамтии соҳаҳои истеҳсолӣ аз ҳадафҳои асосӣ шумурда, ҷалби ҳарчи бештари сармоя барои ба кор андохтани захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, канданиҳои фоиданоки саноатии табиии маъданӣ, тавсеаи имкониятҳои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, рушди коммуникатсия ва ба кишвари транзитӣ табдил додани ҷумҳурӣ афзалият дода шудаанд. Дар марҳалаи кунунии рушди номуназзам ва нокомили иқтисоди ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба модели нави рушде ниёз дорад, ки бар пояи ҷалби сармоягузориҳо ва технологияи нав асос ёфта, рушди босуръати саноат, кишоварзӣ ва бахши молиявиро таъмин карда тавонад. Татбиқи амалии вазифаҳо ва беш аз 98 тадбире, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷой дода шудаанд, барои рушди иқтисодӣ заминаи мувофиқ фароҳам оварда, вобастагии иқтисодии ҷумҳуриро аз дигар мамлакатҳо коҳиш медиҳад; дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро баланд бардошта, некуаҳволии ҳама табақаҳои аҳолиро таъмин менамояд, ки ин ба мақсадҳои глобалии Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ мувофиқанд.
25 сентябри соли 2015 мамлакати аъзои Созмони Милали Муттаҳид Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор то соли 2030-ро қабул қарданд, ки аз 17 ҳадафи глобалӣ ва 169 вазифаи ба он мувофиқ иборат буда, ба барҳамзании камбағалӣ, нигаҳдории захираҳои сайёра ва таъмини накуаҳволӣ барои ҳама нигаронда шудаанд. Ҳар кадоме аз 17 ҳадаф як қатор нишондиҳандаҳоро дар бар гирифтаанд, ки бояд дар тӯли 15 соли минбаъда дар ҳаёт татбиқ гарданд.
Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) маъруф ба унвони Динаргунсозии ҷаҳони мо дар соҳаи рушди устувор то соли 2030, маҷмуи ҳадафҳоеанд барои ҳамкории байналмилалии оянда, ки дар охири соли 2015 барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо иваз карданд.
Консепсияи Рушди Устувор дар раванди муттаҳидшавии се нуқтаи назари асосӣ- иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ба вуҷуд омадааст. Таҳти ин консепсия қабули қарор ва амалӣ намудани тадбирҳое дар назар дошта шудаанд, ки ба истифодаи оптималии захираҳои маҳдуди сайёра ва технологияи экологӣ-табиӣ ва нерумасрафкунандаи камхарҷ ба нигаҳдории ҳолатҳои муътадили системаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, таъмини мукаммалии системаҳои табиии биологӣ ва табиии физикӣ равона гардидаанд. Ҳадафҳо ва вазифаҳои нав характери комплексӣ ва тақсимнашаванда дошта, мувозанати ҳарсе қисмат- иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро таъмин мекунанд.
Татбиқи Ҳадафҳои Рушди устувор аз 1 январи соли 2016 оғоз ёфта, то 31 декабри соли 2030 идома меёбад. Ҳар як мамлакат дар оғози фаъолияти худ доир ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор стратегияҳо, нақшаҳо ва барномаҳои худро мустақилона таҳия мекунанд. Худи барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор нақши танзимгарро бозида, ба мамлакатҳои аъзои СММ имкон фароҳам меоварад, ки нақшаҳои худро дар робита ба уҳдадориҳои глобалии доир ба ин масъала гирифтаашон таҳия намоянд. Расидан ба 17 мақсади ҲРУ ва иҷрои 169 вазифа дар барномаи нав бо ёрии Маҷмуи нишондиҳандаҳои глобалӣ, ки Гуруҳи байниидоравӣ ва коршиносӣ доир ба нишондиҳандаҳои иҷрои ҲРУ таҳия намудааст, назорат ва пайгирӣ карда мешаванд. Дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд доир ба рушди устувор ҳамасола омӯзиши натиҷаҳои ноилшуда ташкил карда, дар асоси маърӯза оид ба рафти иҷрои ҲРУ тадбирҳои минбаъда қабул карда мешаванд.
Интизор меравад, ки Ҳадафҳои Рушди Устувор бо дарназардошти натиҷаҳои фараҳбахши барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола (ду баробар коҳиш ёфтани одамоне, ки дар сатҳи пасттарини камбағалӣ қарор доранд, 50 фоиз кам шудани маргумири кӯдакону занон, пешравии назаррас дар мубориза бо бемориҳое, мисли Норасоии масунияти одам (ВИЧ СПИД) ва вараҷа ва ҳамчунин зиёда аз ду баробар афзоиш ёфтани ҳаҷми кумакҳое, ки аз ҷониби мамлакатҳои мутараққӣ бо мақсади рушд ба мамлакатҳои дар ҳоли рушд расонда шудаанд), дар роҳи ҳалли масъалаҳои доғи глобалӣ нақши сазовор хоҳад гузошт.
Соли 2015, бо ҷамъбаст гардидани Барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва далели муваффақиятҳои назарраси он дар тӯли 15 соли мавҷудияташ, ба инсоният қабули барномаи нави рушд зарур афтод ва соли 2012 дар Конференсияи СММ доир ба рушди устувори мамлакатҳо сарони давлатҳо- аъзои СММ оид ба созмон додани Гуруҳи корӣ барои таҳияи комплексии ҳадафҳои рушди устувор ба мувофиқа расиданд. Дар натиҷа дар раванди гуфтушунид теъдоди то ин дам диданашудаи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок намуданд. Таҳти ҳимояти СММ бо мақсади мувофиқ ба фикру андашаи аҳолӣ таҳия намудани барномаи нав оид ба рушди устувор бо иштироки 7 миллион нафар аҳолии то 30-сола назарпурсии глобалии «Ҷаҳони ман» анҷом дода шуд.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Ҳадафҳои Рушди Устувор натиҷаи сесолаи раванди транспарентиест, ки фикру андешаи ҷонибҳои гуногуни манфиатдорро дар бар гирифтааст. МРУ аз мувофиқати 193 давлати дунё –аъзои СММ дар муносибат ба афзалият доштани рушди устувор гувоҳӣ медиҳад, ки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони доираи соҳибкорӣ, порлумонҳо ва дигар субъектҳо дар тамоми ҷаҳон дастгирӣ ёфтааст.
Ҳадафҳои Рушди Устувор(ҲРУ) аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола (ҲРҲ) чӣ тафовут доранд? Ҳадафҳои Рушди Устувор Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо бо нигоҳи тоза, мувофиқ ба пешомади масъалаҳои доғи сатҳи глобалӣ идома мебахшанд. Дар ҲРҲ ҳашт мақсад: барҳам додани камбағалӣ ва гуруснагӣ, таъмини маълумоти ибтидоии ҳамагонӣ, баробарҳуқуқии марду зан ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занон, коҳиш додани маргумири кӯдакон, беҳтар кардани ҳифзи саломатии модарон, мубориза бо бемориҳое мисли Норасоии масунияти одам ва вараҷа, таъмини рушди устувори муҳити зист ба нақша гирифта шуда бошанд, ҲРУ бо шумули ҳадафҳои марҳалаи пешин расидан ба ҳадафҳои бештареро дар барномаи худ ҷой додааст.
Ҳамин тавр, Ҳадафҳои Рушди Устуворро метавон марҳалаи нави Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола номид.
«Қабули Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 иқдоми наҷибонаи ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири рушди устувори кишварҳои аъзо ва фарогирии тамоми қишрҳои ҷомеа бо ин раванд маҳсуб меёбад. Тоҷикистон тайи соли охир ба мақсади пиёдасозии Ҳадафҳои рушди устувор якчанд иқдоми муҳимро роҳандозӣ кардааст. Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори Созмони Милал, аз ҷумла дафтари Барномаи рушди он дар Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушдро то соли 2020 таҳия ва қабул намуд. Ин санадҳои барномавӣ бар пояи Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор таҳия шудаанд ва мо татбиқи саривақтиву самараноки онҳоро саҳми кишвари худ дар амалӣ гардонидани Барномаи ҷаҳонии рушд медонем. Тоҷикистон яке аз 43 кишвари ҷаҳон мебошад, ки моҳи июли соли ҷорӣ Ҳисоботи ихтиёрии миллии худро дар шаҳри Ню-Йорк дар чоҳорчӯбаи Форуми сатҳи баланди сиёсӣ оид ба рушди устувор муаррифӣ намуд. Мо бар онем, ки дар раванди татбиқи шоистаи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд – 2030 мусоидат ба кишварҳои зарфияту имкониятҳояшон маҳдуд, хусусан дар бахши маблағгузорӣ ва таҳвили фановариҳои муосир, хеле зарур мебошад. Ба ақидаи мо, тавсеаи кумаки расмӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои таъмини рушд ҳанӯз ҳам яке аз масъалаҳои умдаи рӯз боқӣ мемонад. Дар чунин шароит ин қабил кишварҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба рушди инфрасохтор, роҳандозии низоми самарабахши ҳамлу нақли транзитӣ, содагардонии қоидаҳои тиҷорат ва ҳамгироии минтақавӣ ба мусоидати кишварҳои мутараққӣ ва сохторҳои байналмилалии молиявӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ, рушди муштараки ҷаҳонӣ шарикии ҳамаҷонибаро дар ҳама сатҳҳо тақозо менамояд» - изҳор доштааст Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи ин созмони бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ дар Амрико.

Ба роҳмондани ҳамкории глобалӣ бо мақсади рушд яке аз шартҳои муҳими ҲРУ маҳсуб меёбад, ки ба бартараф намудани сабабҳои решагии камбағалӣ ва қонеъ гардондани талаботи ҳамаи одамон, ҳалли проблемаҳои нобаробариҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, истеъмолот, сулҳу амният ва дигар масъалаҳои ҳаётии онҳо нигаронда шудааст.
Дар ҳоле, ки Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола фаъолияти танҳо мамлакатҳои дар ҳоли рушдро фаро мегирифтанд, Ҳадафҳои Рушди Устувор характери умумиҷаҳонӣ дошта, ба ҳама мамлакатҳо нигаронда шудаанд. ҲРУ се аспекти рушди устувор-тараққиёти иқтисодӣ, интегратсияи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зистро дар бар мегиранд. Тафовутҳои хоси ҲРУ дар он зоҳир мегарданд, ки онҳо ба таври максималӣ ба воситаҳои амалигардонӣ, бахусус сафарбарии захираҳои молиявӣ, афзоиши иқтидор ва технология нигаронда шудаанд.
Беназир будани Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамчунон дар он зуҳур меёбанд, ки онҳо ҳамаи мамлакатҳо- камбағалу доро ва бо сатҳи даромади миёнаро даъвати мусоидат ба шукуфоӣ ва ҳамзамон ба ҳифзи сайёраи Замин мекунанд.
Мувофиқ ба тавсияи ҲРУ, барҳам додани камбағалӣ бояд бевосита ба амалисозии стратегияҳое алоқаманд бошад, ки ба қонеъ гардондани як қатор эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва бакортаъминкунӣ дар ҳамбастагӣ бо ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист нигаронда шудаанд.
Барномаи ҲРУ барои фаъолияти ҷомеаи байналмилал ва ҳукуматҳои миллӣ дар мусоидат ба шукуфоии умумӣ ва некуаҳволӣ барои ҳамаи сокинони сайёра ҳамчун майдони пойгаҳ хизмат мекунад. Дар зарфи 15 соли минбаъда мамлакатҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳими аз лиҳози иҷтимоӣ пураҳамият ва глобалӣ кӯшиши зиёде ба харҷ хоҳанд дод.
Аз рӯйи маълумоти СММ қариб 800 миллион одамон ҳоло дар сайёра дар шароити камбағалии аз ҳад зиёд ба сар мебаранд, 795 миллион одамон ҳоло ҳам ранҷи гуруснагӣ мекашанд. Бо вуҷуди пешрафти ҳама соҳаҳо, бо шумули пешниҳод шудани занон дар порлумонҳо ва афзоиши теъдоди духтарон дар таҳсил, нобаробарии гендерӣ боқи мондааст. Занон ҳоло ҳам дар вақти қабул ба кор, дастрасӣ ба активҳои иқтисодӣ ва иштирок дар қабули қарорҳо дар сохторҳои хусусӣ ва давлатӣ ба дискриминатсия рӯ ба рӯ мешаванд. Дар соҳаҳои иқтисодиёт миёни камбағалтарин ва доротарин хонаводаҳо, ноҳияҳои деҳотию шаҳрӣ тафовути калоне вуҷуд дорад. Бачаҳое, ки ба 20 фоизи хонаводаҳои камбағалтарин тааллуқ доранд, дар қадкашӣ ду баробар ақиб мемонанд ва эҳтимолияти дар мактаб таҳсил накардани онҳо чор баробар зиёд аст. 57 миллион бачаҳо ҳоло ҳам имконияти таҳсили ибтидоӣ дидан надоранд. Гарчанде маргумири кӯдакон дар синну соли камтар аз панҷсола дар солҳои 1990-2015 53 фоиз коҳиш ёфтааст, ҳоло ҳам шумораи зиёди ҳодисаҳои талафёбии кӯдакон дар моҳи аввали таваллуд ба ноҳияҳои камбағал рост меояд. Дар ҳоле ки 82 фоизи аҳолии шаҳр ба шароити санитарии беҳтар дострасӣ доранд, дар деҳот нисфи аҳолӣ аз чунин шароит бархурдоранд. Проблемаҳои ба иқлим вобаста торафт печидатар мешаванд ва аз оқибатҳои он инсоният аз норасоии захираи озуқа ва бемориҳо азият мекашад.
ҲРУ характери умумиинсонӣ ва барои ҳамаи мамлакатҳо таъйноти якхела дорад. Аз рӯйи маълумоти ЮНКТАД (Конференсияи СММ доир ба тиҷорат ва рушд) дар сурати амалӣ гаштани нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор даромади солонаи мамлакатҳои дар ҳоли рушд аз 3 то 5 триллион долларро ташкил медиҳад. Барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор зарур аст, ки захираҳо аз манбаҳои чӣ дохилию чӣ хориҷии байналмилалӣ, ҳамчунин захираҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ сафарбар гарданд.
Мувофиқи назарпурсии баъди қабули ҲРУ анҷомдодаи ГД СММ, 71 фоизи ширкатҳо дар кори худ Ҳадафҳои Рушди Устуворро ба назар гирифта, 13 фоиз методҳо ва воситаҳои барои кор зарурии худро барои ҳамкорӣ бо ҲРУ муайян намудаанд ва 41 фоиз нияти системаи ҲРУ-ро ба нақшаҳои рушди стратегии худ ворид намуда, тӯли панҷ сол дар тиҷорат ба онҳо такя намудан доранд.
«Қабули Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 иқдоми наҷибонаи ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири рушди устувори кишварҳои аъзо ва фарогирии тамоми қишрҳои ҷомеа бо ин раванд маҳсуб меёбад. Тоҷикистон тайи соли охир ба мақсади пиёдасозии Ҳадафҳои рушди устувор якчанд иқдоми муҳимро роҳандозӣ кардааст. Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори Созмони Милал, аз ҷумла дафтари Барномаи рушди он дар Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушдро то соли 2020 таҳия ва қабул намуд. Ин санадҳои барномавӣ бар пояи Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор таҳия шудаанд ва мо татбиқи саривақтиву самараноки онҳоро саҳми кишвари худ дар амалӣ гардонидани Барномаи ҷаҳонии рушд медонем. Тоҷикистон яке аз 43 кишвари ҷаҳон мебошад, ки моҳи июли соли ҷорӣ Ҳисоботи ихтиёрии миллии худро дар шаҳри Ню-Йорк дар чоҳорчӯбаи Форуми сатҳи баланди сиёсӣ оид ба рушди устувор муаррифӣ намуд. Мо бар онем, ки дар раванди татбиқи шоистаи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд – 2030 мусоидат ба кишварҳои зарфияту имкониятҳояшон маҳдуд, хусусан дар бахши маблағгузорӣ ва таҳвили фановариҳои муосир, хеле зарур мебошад. Ба ақидаи мо, тавсеаи кумаки расмӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои таъмини рушд ҳанӯз ҳам яке аз масъалаҳои умдаи рӯз боқӣ мемонад. Дар чунин шароит ин қабил кишварҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба рушди инфрасохтор, роҳандозии низоми самарабахши ҳамлу нақли транзитӣ, содагардонии қоидаҳои тиҷорат ва ҳамгироии минтақавӣ ба мусоидати кишварҳои мутараққӣ ва сохторҳои байналмилалии молиявӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ, рушди муштараки ҷаҳонӣ шарикии ҳамаҷонибаро дар ҳама сатҳҳо тақозо менамояд» - изҳор доштааст Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи ин созмони бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ дар Амрико.

Дар ин маврид ниҳоду сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии он, метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.
Ҳамчунин аз кишварҳои мутаррақӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқу шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамзамон мусоидат ба кишварҳои содиркунандаи қувваи корӣ дар эҷоди ҷойҳои нави корӣ дар кишварҳояшон даъват ба амал меорем.
Мутмаинем, ки таваҷҷуҳи бештар ба баррасии масъалаҳои мубрами иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологӣ барои татбиқи саривақтии Рӯзномаи ҷаҳонии рушд – 2030 мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.
Расо ду сол пеш мо Созишномаи Париж оид ба иқлимро қабул намудем, ки ҳадафу мақсадҳояш фарогир буда, роҳҳои асосии талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисодиёти камкарбон муайян месозад.
Мутаассифона, бино бар тағйирёбии иқлим шумораи офатҳои табиӣ дар даҳҳо кишварҳои олам рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва на ҳамаи онҳо қодиранд чораҳои заруриро ҷиҳати ҳифз аз онҳо андешанд.
Зимнан пешниҳод менамоем, ки механизмҳои кумакҳои ҳамаҷониба ба кишварҳои осебдида пурзӯр карда шуда, ба ин мақсад бунёдҳои байналмилаливу минтақавӣ таъсис дода шаванд.
Тоҷикистон низ, ки наваду се фоизи қаламрави онро кӯҳсор ташкил медиҳад, бино бар хусусиятҳои ҷуғрофии худ дар рӯ ба рӯйи пайомадҳои харобиовари офатҳои табиӣ осебпазир мебошад.
Ҳамасола дар кишвар офатҳои гуногуни табиӣ, аз ҷумла вобаста ба об, рух медиҳанд, ки ба иқтисоди миллӣ ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонида, сабабгори талафоти ҷонӣ мегарданд.
Раванди тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва, ба ин васила, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат, таъсири манфӣ мерасонад.
Тайи 30 соли охир аз 13 ҳазор пирях дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он пурра нобуд шудааст.
Ва ин дар ҳолест, ки имкониятҳои Тоҷикистон аз лиҳози истифодаи иқтидорҳои саноатӣ – яке аз манбаъҳои асосии партови газҳои зарарнок ба ҳаво - чандон зиёд нестанд ва 98 фоизи энергияи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ – манбаи аз лиҳози экологӣ тоза - истеҳсол мешавад.
Айни замон 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд.
Яъне идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои оби минтақа таъсири манфӣ расонад.
Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки мо аз гуфтугӯ ба амал гузарем ва дар пиёдасозии ҳадафҳои Созишномаи Париж саҳм гузорем.
Айни ҳол Тоҷикистон бар пояи муқаррароти санади мазкур Стратегияи миллии худро оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия намуда истодааст.
Ба андешаи мо, дар марҳалаи кунунӣ яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж ин тавсеаи иқтисоди “сабз” ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад.
Дар ин радиф мо ҷонибдории худро аз ташаббусҳои ҷаҳонии “Энергияи устувор барои ҳама” ва Даҳсолаи байналмилалии “Энергияи устувор барои давраи то соли 2024” таъкид менамоем.
Аз Суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: