DataLife Engine > Хабари руз > ХАБАРҲО

ХАБАРҲО


22-11-2017, 09:40. Разместил: orifi        ХАБАРҲО
Ба иттилои ҳомии ҳуқуқ Сурат Икромов, шумори боздоштшудаҳо ба бештар аз 100 нафар расид, ки аз ин теъдод 7 нафар ба ҳабс гирифта шуданд. Ба гуфтаи вай, ҳабсшудаҳо наздикони зиндониёни мазҳабӣ ҳастанд.
********
18 ноябр Икромов хабар дода буд, ки дар шаҳри Тошканд ва ноҳияи Зангиота давоми 3 рӯз наздики 80 зану марди аз 20 то 60 солаи диндор боздошт шуд. Ба гуфтаи вай, панҷ марду ду занро мақомот дар идораи пулис нигаҳ медоранд.
********
"Мо иттилоъ дорем, ки боздоштҳои дастаҷамъӣ дар ноҳияҳои Чиноз ва Янгиюли вилояти Тошканд низ сурат гирифтааст. Аммо шумори дақиқи боздоштшудаҳоро дар даст надорем", - гуфт Икромов. Мақомоти Ӯзбекистон иттилоъ намедиҳанд, ки чаро ин теъдоди шаҳрвандонро боздошт кардаанд.
********

Президенти ИМА Доналд Трамп Куриёи Шимолиро ба рӯйхати кишварҳои сармоягузори терроризм шомил кард. Коршиносон ин қарорро рамзӣ унвон мекунанд, зеро зидди Пхенян аллакай таҳримҳои шадиди ИМА эълон шудаанд.
*********

Дар Зимбабве президент Роберт Мугабеи 93-соларо 20 ноябр аз раҳбарии ҳизби ҳокими ин кишвар -- ЗАНУ-ПФ барканор карданд. Ба ҷои ӯ муовини пешини президент Эммерсон Мнангагва раиси ЗАНУ-ПФ интихоб шуд.
********
Хадамоти федеролии ҳидрометеорологӣ ва таҳлили муҳити зисти Русия вазъи радиатсиониро дар ин кишвар дар моҳи сентябри соли 2017 шарҳ дод. Дар гузориши хадамот омадааст, рутения-106 (Ru-106) дар таркиби намунаҳое мавҷуд буд, ки дар вилояти Челябинск, садкилометрии иттиҳодияи истеҳсолии "Маяк" гирифта шуданд.

Вернуться назад