Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

6-11-2017, 10:00
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 06.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар доираи таҷлил аз 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз панҷ ошёна иборат аст, дорои 60 утоқи корӣ буда, дар ин ҷо барои фаъолияти ҳамаҷонибаи кормандон тамоми шароити зарурӣ фароҳам мебошад.

Иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи ноябри соли 2016 оғоз гардида, он аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ватанӣ дар асоси лоиҳаи тарҳрезишуда бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд ва ҳамзамон тамоми утоқҳои кории Раёсат бо мебел, технологияи муосир ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ҳамзамон бинои нав дорои як толори маҷлис бо фарогирии 150 ҷойи нишаст, хобгоҳ (казарма) барои 30 нафар афсар, толори варзишӣ ва ошхонаи замонавӣ буда, ҷиҳати пешбурди кор дигар иншооти ёрирасон низ бунёд карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти замонавиро, ки дар рӯзи 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, барои кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президент ва Ҳукумати кишвар барои тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо таъмини техникаю дигар муҳимот, омӯзонидани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин бо бунёди иншооти замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шароити муосири кор фароҳам оварда шудааст.

Бунёди бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ идомаи мантиқии дастгириҳои давлату ҳукумат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳа мебошад, ки барои таъмини амнияту субот дар мамлакат равона гардидааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: