Оғози корҳои таҷдид ва азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе - Қӯрғонтеппа”26-10-2017, 13:14
Хабарро хонданд: 156 нафар
Назарҳо: 0
26.10.2017 10:47, шаҳри Душанбе
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе - Қӯрғонтеппа” шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ асос гузоштанд. Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳа роҳ бо харҷи наздики 97 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад. Фармоишгар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, машваратчии байналмилалӣ Ширкати машваратии “КОКС”-и Олмон, машваратчии маҳаллӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Автострада” ва пудратчӣ Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян Бейсин” мебошад. Муҳлати сохтмон 3 сол муайян шуда, он бояд то моҳи октябри соли 2020 - ум мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд шавад. Тибқи нақша дар рафти таҷдид ва азнавсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳ ба масъулини Вазорати нақлиёт дустур доданд, ки дар вақти татбиқи он мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти махсус диҳанд. Роҳ бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуда, тамоми қоидаҳои роҳсозӣ риоя карда шавад. Дастури дигар ҳангоми иҷрои корҳо инчунин ба масъалаи ободонии канори шоҳроҳ дода шуд. Мавриди зикр аст, ки шоҳроҳи “Душанбе-Қӯрғонтеппа” пойтахтро бо маркази вилояти Хатлон ва ноҳияҳои он ва Тоҷикистонро бо Афғонистону Покистон пайваст намуда, дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад. Бунёду азнавсозии роҳ барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионии кишвар аҳамияти муҳиму стратегӣ дорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.