Футбол25-10-2017, 10:50
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Деваштич бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» ва дар доираи пиёдасозии иқдоми Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳимояи Ватан – рисолати мо ҷавонон аст!» мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба футбол баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур санаҳои аз 20 то 24-уми октябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия баргузор гардида, дар он Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан», бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, муассисаи давлатии варзиши бачагона ва бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия саҳмгузор буда, дастаҳои мунтахаби футболии шаҳру навоҳии ҳудуди вилояти Суғд баҳри дарёфти «Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷаи намоиш додани маҳорати баланди бозии футбол дастаи мунтахаби Истаравшан ҷои аввал, дастаи «Созандагони Ватан» ҷои дуюм ва дастаи мактаби варзишии бачагону наврасон ҷои сеюмро ишғол намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби ташкилкунандагон барои иштироки фаъолонаи дигар дастаҳо, бозингари беҳтарин, ҳимоятгари беҳтарин, дарвозабони беҳтарин, довари беҳтарин ва мураббии беҳтарин сипосномаю ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Сарвар Саидов – роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.