Мулоқоти таҳкимбахши саодатмандӣ28-08-2017, 10:25
Хабарро хонданд: 243 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дар ноҳияи Деваштич бахшида ба 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 25-умини Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фаттоҳзода Сарфароз ва Раиси ноҳияи Деваштич Ҷӯразода Рустам бо фаъолону ҷавонон ва бонувон баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур доир ба тағйироту иловаҳои ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» воридшаванда, дар бораи бурду бохтҳои татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунию ҷиноятҳо, даст назадан ба тақлидкорию бегонапарастӣ, эҳёи анъанаҳои милливу арҷгузорӣ ба суннати ниёгон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухан рафта, маълумотҳои дахлдор ба самъи иштирокчиён расонида шуд ва даъват ба бор оварда шуд, ки ҷиҳати дар руҳияи ватанпарастию хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас ва рушду нумӯъ бахшидани давлату миллати худ ҳар як фарди бо нангу номус ва дурандешу некхоҳ, ба хусус ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд саҳми назарраси худро гузорад. Дар хотимаи мулоқот, ҷиҳати роҳандозии иқдоми Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистион таҳти унвони «Нури ирфон» ва «Роҳ ба сӯи мактаб» ба 7 нафар ятимони мутлақ либоси мактабӣ аз ҷониби Сарфароз Фаттоҳзода ва Рустам Ҷӯразода тақдим карда шуд. Иқдоми мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати дурандешонаву халқпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, дар ноҳияи Деваштич то ба имрӯз ба 84 нафар кӯдакони ятиму аз оилаҳои камбизоат асбобу лавозимотҳои хониш ва ба 103 нафар либосҳои мактабӣ тақдим карда шуданд. ![]() Сарвар Саидов _ НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.