Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар мавзеи Канаски ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат

Шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар мавзеи Канаски ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат

26-08-2017, 13:00
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
26.08.2017 16:48, шаҳри Ваҳдат


Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи соҳаи картошкапарварӣ ва парвариши занбӯри асал бо сафари корӣ ба мавзеи Канаски ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.

Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии ҳосили фаровони картошка оғоз бахшида, дар намоишгоҳи як қатор хоҷагиҳои кишоварзӣ бо дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд.

Майдони умумии мавзеъи Канаск 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва иқлими он басо салқин ва табиаташ зебову назаррабо аст. Заминҳояш дар ду фасли сол - баҳору тобистон сабзпӯш мебошад. Мавзеи Канаск дар қисми шимолу шарқии шаҳри Ваҳдат дар баландии 2300-2500 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 100 километр дурӣ аз маркази шаҳр ҷойгир мебошад.

Ин мавзеъ бо гиёҳҳои шифобахш, руди обаш сарду мусаффо ва чашмаи оби гарм барои истифодабарандагон, алалхусус чорвопарварон ва занбуриасалпарварон, ки моҳҳои зиёд муқими ин ҷо мегарданд, басо созгор аст. Ҳамчунин ин мавзеъ барои парвариши картошкаи тухмӣ, ки аз барангезандаҳои касалию зараррасонҳо озод аст, мутобиқ мебошад. Фаровонии гулу гиёҳҳои шифобахшу шароити хуби экологии мавзеи Канаск барои парвариши занбӯри асал ва истеҳсоли асали аълосифат басо мусоид аст.Ин минтақаи биҳиштосо бо табиати зебову нотакрор барои рушди соҳаи туризм низ созгор мебошад. Аз ин ру Сарвари давлат дастур дода буданд, ки барои мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми инфрасохтори бахши туризм, аз ҷумла бунёди роҳу дастрасии алоқаро таъмин намоянд.

Ҳадаф аз сафари кории навбатии Президенти мамлакат ба мавзеи Канаск мусоидат ба рушди соҳаи картошкапарварӣ, раванди татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2016-2020”, занбӯриасалпарварӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав ва истифодаи самараноки он дар ин минтақа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 13 августи соли 2016 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мавзеъ ташриф оварда, бо шароити агроиқлимӣ ин мавзеъ барои истеҳсоли тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ, рушди чорводорӣ ва занбуриасалпарварӣ ва истифодаи гиёҳҳои шифобахш шинос шуда буданд. Ҳамон вақт Сарвари давлат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ барои истифодаи самараноки ин мавзеъ дастуру супоришҳои судманд доданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасони Канаск” таъсис дода шуда, аз моҳи апрели соли 2017 майдони умумии 40 ҳазор гектар заминҳои мавзеи Канаски деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ба тавозуни корхона гузаронида шуд. Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасони Канаск” 45 нафар коргари доимӣ ва 35 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасони Канаск” бо 37 хоҷагии чорвопарвар шартномаи ҳамкорӣ бастааст д.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти корхона ва пешбурди корҳои хоҷагидорӣ беш аз 800 ҳазор сомонӣ ҷудо намуданд. Баҳри мусоидат ба рушди соҳаи картошкапарварию занбуриасалпарварӣ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 340 тонна тухмии 10 навъи картошкаи тезпазак ва 600 оилаи занбуриасал ба мавзеи Канаск дастрас кард.

Дар мавсими кишту кор аз ҳисоби Корхонаи воҳиди Давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”- и вазорат зиёда аз 13 адад техника ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ ба мавзеи Канаск сафарбар гардида, корҳои тахту ҳамворкунӣ, шудгор ва кишт ба анҷом расонида шуд. Дар мавзеи Канаск соли 2017 дар майдони 200 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки аз он 176 гектар картошка дар кишти асосӣ, наздики 4 гектар сабзавот ва 20 гектар картошкаи барвақтӣ мебошад. Аз ин миқдор замин Вазорати кишоварзӣ бо истифодаи тухмиҳои худӣ ба иҷоракорон ва ба як қатор мақомотҳои давлатию маҳаллӣ, вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ 35 гектар картошка кишт пешниҳод кард.

Мутобиқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ масоҳати кишти картошкаи тухмиро дар соли 2018 ба 400 гектар васеъ намуда, ҳосили онро ба 16 ҳазор тонна мерасонад. Тухмии истеҳсолгардидаи картошкаи барвақтии мавзеъи Канаск асосан барои ба роҳ мондани кишти барвақтии картошка дар ноҳияҳои водии вилояти Хатлон ва минтақаи Ҳисор истифода мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини соҳаи кишоварзии кишварро ба истифодаи самараноки замин, истеҳсоли тухмиҳои аълосифат, таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварӣ ва бастабандии гиёҳҳои шифобахши мавзеи Канаск, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди бахши тухмипарварӣ ҳидоят карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: