Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳизбҳои сиёсӣ чӣ гуна пайдо гардидаанд?

Ҳизбҳои сиёсӣ чӣ гуна пайдо гардидаанд?

1-08-2017, 11:27
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизбҳои сиёсӣ чӣ гуна пайдо гардидаанд?
Ҳизб («партия») аз забони лотини (party) ё франсавӣ (parti) гирифта шуда, маънои қисм ё гурўҳро дорад. Тадриҷаи бо ташаккул ва инкишофи ҳизбҳои сиёсӣ ва системаҳои ҳизби мафҳуми мазкур мазмунан тағйир ёфт ва рангин гардид.

Ҳизби сиёсӣ гуфта, гуруҳи ихтиёрии одамонеро меноманд, ки дар доираи идеалогияи ягона мақсади ба ҳокимият наздик шудан ва ё онро аз худ дур карданро доранд.

Ҳизбҳои сиёсӣ марҳилаҳои мураккабу дуру дарозро сипарӣ намудаанд. Мафҳуми «ҳизб» ифодаи гурўҳҳое буд, ки байни худ барои ҳокимият рақобат доштанд. Ҳануз дар замони Арасту гурўҳҳои сиёсии одамон пайдо шудабуданд, ки онҳоро «ҳизбиён» меномиданд. Арасту ҳизбҳои куҳистониён, водинишинон, қисми соҳили шаҳрро ном мебарад. Онҳо, асосан иттиҳодияҳои муваққатӣ барои ҷонибдории шахсони алоҳида буданд.

Аввалин маротиба ҳизб дар Британияи Кабир дар асри 18 ба шакли аристократй пайдо шудааст. Баъдан дар охирхои а 18 аввали а 19 клубҳои сиёсӣ пайдо шуданд. Дар заминаи он ҳизбҳои оммавӣ ташкил ёфтанд, ки мақсаду ҳадафашон таҳлил ва баррасии авзои сиёсии ҷомеа буд.

Аввалин ҳизби сиёсӣ дар Аврупо ба таври расмӣ соли 1861 бо номи ҳизби либералӣ дар Англия ташкил ёфт. Соли 1863 бошад ҳизби аввалини оммавии коргарӣ бо номи иттифоқи коргарии умумигермани, ки ба он Ф. Лассаль асос гузошта буд, ташаккул ёфт. Дар охири асри XIX бошад дарбисёр мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ҳизбҳои оммавӣ, асосан ҳизбҳои сотої ва демократи ташаккул ёфтанд. Махсус бояд қайд кард, ки сабабҳои асосии ташаккули ҳизбҳои сиёсиро дар охири асри XIX дар Аврупои Ғарбӣ ду ҷиҳати ҳаёти сиёсӣ ташкил медоданд.

а) Аз ҷиҳати ташкилӣ комил гаштани ҳаракати коргарӣ. Пролетариат бедор гашта, дар мубориза барои қонеъ гардонидани талаботҳо ва ҳимояи манфиатҳои худ мақомоти махсусҳизбҳои сиёсиро барпо менамояд.
б) Ҳуқуқи умумии интихоботӣ хеле васеъ гашта буд, ин имконият медод, ни одамон бештар ба сиёсат ва фаъолияти сиёсӣ ру оранд;


Дар таърихи ҳаракатии сиёсӣ ҳизбҳои сиёсӣ дар Иёллоти Муттаҳидаи Америко нақши хоса доранд. Ҳазби демократии ИМА соли 1828 таъсис ёфт. Он манфиатиҳи плантаторони ҷануб ва қисми доираҳои савдою бонкиро ҳимоя мекард. Дар саромади ҳизби демократӣ резиненти сеюми ИГЛА Т. Чеферсон меистад. Соли 1854 дар ИМА ҳизби Ҷумҳуриявӣ ташаккул ёфта буд, ки дар таъсиси он А. Линкольн саҳмӣ асосӣ дошт.

Дар аввали солҳои 90-уми асри XX дар Тоҷикистон низ ҳизбҳои сиёсии равияҳои гуногун пайдо шуданд.


Анора Ахмедова
Машҳура Камолова

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: