Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи Мактаби №16 дар деҳаи “Роҳи нав”-и ноҳияи Дӯстӣ

Ифтитоҳи Мактаби №16 дар деҳаи “Роҳи нав”-и ноҳияи Дӯстӣ

17-08-2017, 13:21
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
17.08.2017 12:19, ноҳияи Дӯстӣ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолон ва ҷавонони ноҳия бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи “Роҳи нав” ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 барои 1200 нафар хонанда дар ду баст оғоз бахшиданд.

Сохтмони муассисаи мазкур ҳанӯз соли 2015 оғоз ёфта, то ин муддат боргоҳи таълимӣ бо назардошти талаботи муосир сохта шуд. Фармоишгари иншооти мазкур Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи "Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо" буда, тибқи иттилои масъулин, сохтмони мактаб аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд маблағгузорӣ гардидааст.

Қобил ба тазаккур аст, ки санги асоси ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 гузошта шуда буд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур аз 4 бино иборат буда, дар масоҳати умумии 2 гектар замин сохта шудааст. Тибқи нақшаи тарҳрезигардида, муассисаи таълимӣ аз 25 синфхона иборат буда, барои фаннҳои физика, химия, биология ва таълими меҳнат синфхонаҳои фаннии муҷаҳҳаз бо тамоми аёниятҳои хониш бунёд ёфтааст. Ҳамчунин толибилмон тайёрии ҳарбӣ ва дарси компютериро низ дар синфхонаҳои барҳаво ва муҷаҳҳазонидашуда меомӯзанд. Илова бар ин, муассисаи таълимӣ дорои утоқи инкишофи кӯдак, кабинетҳои директор ва муаллимон, муҳосибот, ҳамшираи шафқат, се адад кабинет барои муаллимони тарбияи ҷисмонӣ, синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои иловагӣ буда, дар он шароити мусоид барои омӯзгорону толибилмон фароҳам оварда шудааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ҳамчунин дорои толори барҳавои варзишӣ буда, имконияти ғунҷоиши 200 нафарро дорад. Маҷлисгоҳи муассиса низ бо назардошти талаботи замони муосир бунёд ёфта, дорои 220 ҷои нишаст мебошад.

Ҳамчунин дар муассисаи тозабунёд барои толибилмон майдончаҳои варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва майдончаи сафороӣ сохта шудааст.

Дар фасли зимистон бошад муассисаи таълимӣ тавассути системаи буғӣ гарм карда мешавад. Буғхонаи мазкур тариқи ангишт фаъолият намуда, ба тамоми утоқу синфхонаҳо гармиро баробар интиқол медиҳад.

Сипас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни муассисаи таълимӣ бо сокинони ноҳияи Дӯстӣ мулоқоти самимиву судманд анҷом доданд.

Сарвари давлат дар назди ҳозирин бо таҳлили дақиқу амиқ роҷеъ ба дирӯзу имрӯзи ноҳия баромад намуда, ҷиҳати рушду нумуи бештари он дар солҳои минбаъда таклифу пешниҳодҳои асоснок карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: