Шиносоӣ бо фаъолияти кооперативи тиҷоратии «Сомон»-и ноҳияи Бохтар16-08-2017, 09:14
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
16.08.2017 06:56, ноҳияи Бохтар
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Бохтар ташриф оварданд. Роҳбарият, фаъолон, аҳли илму ҳунар ва намояндагони ҷавонон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳоти Заргари ноҳия бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли гузашта низ дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Бохтар як қатор иншооти гуногунро ифтитоҳ намуда, бо фаъолияти кишоварзон шинос ва бо фаъолони вилоят суҳбати самимӣ анҷом дода буданд. Дар ноҳияи Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти аҳли заҳмати кооперативи тиҷоратии «Сомон» шинос шуданд. Кооперативи тиҷоратии «Сомон» дар деҳоти Заргар 51,2 гектарро ташкил намуда, аҳли заҳмат ба боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул ҳастанд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки аз майдони умумии хоҷагӣ 4,7 гектарашро боғ, 2 гектарашро лиму, 30 гектарашро пахта ва 15 гектари дигарашро юнучқа ташкил медиҳад. Парвариши лиму дар асоси омӯзишу таҷрибаи ғанӣ дар 10 гармхона ба роҳ монда шудааст, ки дар ҳар кадоми он вобаста ба ғунҷоиш аз 110 то 200 ниҳоли лиму парвариш меёбад. Соли гузашта аҳли заҳмат бештар аз 42 тонна ҳосили лиму ба даст оварда буданд. Имсол бо назардошти он, ки шумораи гармхонаҳо 2 адад зиёд шуда, майдони умумии ниҳоли дарахтони ситрусӣ ба 2 гектар расонида шудааст, ҳосили интизории хоҷагидорон бештар аз 50 тонна лимуро ташкил медиҳад. Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттило дода шуд, ки соли равон майдони гармхонаҳои лимупарварӣ дар ноҳияи Бохтар ба 60 гектар расонида шудааст, ки аз ин 20 гектараш майдони ҳосилдеҳ мебошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зиёд будани талабот ба чунин навъи маҳсулот омӯзиш ва ба таври васеъ ҷорӣ кардани таҷрибаи пешқадамро барои гирифтани ҳосили баланду дилхоҳ дар дигар хоҷагиҳо муҳим арзёбӣ намуданд. Аҳли заҳмати кооперативи тиҷоратии «Сомон» имсол дар майдони 30 гектар чигити навъи «Хатлон 2014» кишт намудаанд ва ҳосили интизории кишоварзон аз ҳар гектар то 45 сентнериро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ соли равон дар ноҳияи Бохтар дар майдони 11481 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст. Ҳоло чорвои шохдор дар кооперативи тиҷоратии «Сомон» 150 сарро ташкил медиҳад ва ҷамъоварии хошок аз ҳисоби юнучқаи худи хоҷагӣ сурат мегирад. Хоҷагиҳои хӯрди «Акбари Тоҷиддин», «Ҳалими Қаландар» ва «Хусрав 96» дар назди кооперативи тиҷоратии «Сомон» фаъолият доранд. Соли равон дар маҷмуъ дар ноҳияи Бохтар дар майдони 17 594 гектар кишти зироатҳои гуногун гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2016 8 гектар зиёд мебошад. Дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин, олимони соҳа ва хоҷагидорон дар ин ва дигар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои гирифтани то 3 ҳосил аз як замин ва истифодаи мақсадноки он ҳидоятҳои муфид доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.