Қонуни танзим- қонуни зиндагӣ11-08-2017, 14:17
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи реҷаи тасдиқ намудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак доир ба баргузории суҳбату вохӯриҳои ситодҳои доимоамалкунандаи таблиғотии ҳизбӣ оид ба амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 то 16-уми августи соли 2017 дар минтақаҳои манзилӣ ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Норак доир гашта истода аст. Рӯзи 10 августи соли 2017 дар маҳаллаи Ализода бо ҷалби фаъолон, занону ҷавонон ва раисони маҳалаю деҳаҳои Кибил, Тутқавул ва Ализодаи Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак гуруҳи ситоди таблиғотии домиамалкунандаи Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ бо иштироки М.Ғуриева-мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавононин КИШ ҲХДТ, С.Зоиров-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИШ ҲХДТ, С.Асоев-муовини раиси Ҷамоати деҳоти Пули Сангин, Н.Расулов-котиби чамоати мазкур, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр- Қ.Давлатова, М.Абдуллоев, намояндагони бахши ҶҶ «Созандагони Ватан» намояндагони «Фарҳанги сиёсӣ», раисони маҳаллаҳою деҳаҳо оид ба амали Қонунҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар др таълим ва тарбияи фарзанд» оид ба таъсири қонун дар паст кардани сатҳи камбизоатии мардум, риояи камхарҷ гузаронидани ҷашну маъракаҳо, риояи фарҳанги миллӣ дар пушидани либосу гуфтору рафтори ҷавонон ба хусус занон ва ҷавонон, ки симои тоҷиконаи худро фаромӯш кардаанд, тарбия ва донишомӯзии фарзандон, ба гуруҳҳои ифротӣ шомил шудани ҷавонон суҳбат доир намуда, бонувон таклифу дархостҳои худро оиди қонуни зикргардида пешниҳодҳо намуданд. Мудири шуъбаи таблиғотӣ, муовини раиси ситоди марказӣ С.Зоиров |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.