Таъсиси ташкилоти ибтидоӣ20-10-2015, 08:52
Хабарро хонданд: 433 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи гузашта дар Маркази клиникавии дерматовенерологии вилояти Суғд маҷлиси васеи кормандони беморхона баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзид.
Раиси кумиҷроия оид ба дастовардҳои замони истиқлолият, ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҲХДТ таъмини дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббиро маҳз бо роҳи мукаммалсозии низоми идоракунии соҳаи тандурустӣ имконпазир шуморида, бо ин мақсад ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро имконпазир мешуморад. Дар охир ба 16 нафар кормандони беморхона, ки қаблан барои дохил шудан ба узвияти ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд ва дар беморхонаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуд. ©Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар в. Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.