Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба ҷияни Ислом Каримов шиноснома намедиҳанд

Ба ҷияни Ислом Каримов шиноснома намедиҳанд

7-08-2017, 10:42
Хабарро хонданд: 138 нафар
Назарҳо: 0
Ба ҷияни Ислом Каримов шиноснома намедиҳанд

Ҷамшед Каримов, рӯзноманигор ва ҷияни Ислом Каримов - президенти пешини Ӯзбекистон, ним сол пеш аз беморхонаи касалиҳои равонӣ раҳо шуд. Вай 11 сол дар беморхонаи мазкур бистарӣ буд.
Ҷамшед Каримов мегӯяд, то кунун натавонистааст, ки шиноснома дарёфт кунад ва ҳамаи муроҷиатҳои вай ба қабулгоҳи маҷозии Шавкат Мирзиёев бе посух мондаанд.

"Тобистони соли 2006 вақте ки мехостам ҳуҷҷат омода карда, ба Шветсия равам, шиносномаи маро гирифтанд. Баъдан маро иҷборан дар беморхонаи касалиҳои равонӣ бистарӣ карданд. Аз ҳамон замон то кунун ман шиноснома надорам. Духтари ман ба қабулгоҳи маҷозии президент муроҷиат кард, аммо ҷавоб дарёфт нашуд. Ман намедонам, чаро посух намедиҳанд. Бе шиноснома ман на нафақа дарёфт мекунам ва на кор. Ҳоло ман ҳамагӣ шаш ҳазор сӯм (наздики 7 сомонӣ) дар даст дорам", - мегӯяд Ҷамшед Каримов.

Вай дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон зиндагӣ мекунад. Рӯзноманигор Ҷамшед Каримов, писари Арслон Каримов - бародари калонии Ислом Каримов, аст, ки барои танқидҳояш нисбати ҳуукумати Ислом Каримов таъқиб ва дар бемористон иҷборан бистарӣ шуда буд.

"Агар 2 моҳи танаффусро сарфи назар кунем, пас дар маҷмуъ ман 10 солу 5 моҳ дар утоқи алоҳида нигаҳдорӣ шудам. Шизофрения - ягона айб буд, ки нисбати ман эълон шуд. Агар инсон аз ҷиҳати равонӣ бемор бошад, оё бояд ӯро ҷисман нобуд кард? Росташро бигӯям, марги амакам барои ман ҳадяи воқеӣ буд. Зеро, маҳз марги вай барои раҳо шудани ман аз зиндон боис гардид", - мегӯяд Ҷамшед Каримов.

Вай сарфи назар аз ҳамаи монеаҳо, ният дорад, фаъолияташро дар соҳаи рӯзноманигорӣ идома диҳад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: