Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷаласаи кумитаи тадорукоти аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб»

Ҷаласаи кумитаи тадорукоти аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб»

3-08-2017, 14:39
Хабарро хонданд: 182 нафар
Назарҳо: 0
Ҷаласаи кумитаи тадорукоти аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб»
КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд маҷлиси кумитаи тадорукот доир гардид. Ҷаласаро мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Мирсаид Мирсаидов ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо барномаи баргузории аксияи «Роҳ ба суи мактаб», ки аз санаи 1-ум то 31-уми августи соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ роҳандозӣ мегардад, шинос намуд. Зикр карда шуд, ки баҳри амалӣ намудани Барномаи ҲХДТ, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ба ин васила баланд бардоштани обрӯю нуфузи ҲХДТ бояд аксияи мазкур дар сатҳи баланд гузаронида шавад. Ҳамоҳангсози аксияи «Роҳ ба суи мактаб» шӯъбаи таблиғот ва иттилоот ва кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилоят муқаррар гардид. Раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муваззаф карда шуданд, ки рӯйхати оилаҳои ниёзманд ва камбизоатро тартиб дода, бо ҷалби вакилони халқ дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо, сарпарастон ва саховатмандон аёдати оилаҳои камбизоатро бо дастрасии лавозимоти хониш ва либосҳои мактабӣ ба роҳ монанд, — изҳор дошт Мирсаид Мирсаидов. Ҳамчунин қайд гардид, ки ба раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шавад, ки аксияи мазкурро дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ба роҳ монда, маълумотро оид ба баргузории аксия ба унвони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд пешниҳод намоянд. Иловатан қайд гардид, ки дар доираи баргузории аксия ташкили вохӯриву мулоқотҳо ҷиҳати фарогирии духтарон ба таҳсилоти зинаи сеюми хониш гузаронида шавад ва бо муҳассилини МТМУ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳарактҳои ифротгаро ва терроризму экстримизм сӯҳбату мулоқотҳои судманд доир карда шавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: