Тарғиби Қонуни миллӣ идома дорад3-08-2017, 14:32
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
ИСТАРАВШАН. Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҳаллахонаҳои шаҳр вохӯриҳо бо аҳолӣ баргузор гашта истодааст. То имрӯз дар кумитаи маҳаллахонаҳои «Дилкушо», Исмоили Сомонӣ, «Зафар», «Навобод» «О.Лутфӣ», «Баротбеков», «Имоми Аъзам» дар мавзӯҳои 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Солимии ҷомеа омили рушди Тоҷикистон», «Таълиму тарбияи фарзанд рисолати ҷомеа» вохӯриҳо гузаронида шуданд. Мардум аз амалӣ гаштани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», «Никоҳи хешу таборӣ ва оқибатҳои он» хеле шод буда, миннатдории хешро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҳти дил баён мекунанд. Имрӯз аҳолии шаҳру деҳот ҳис карданд, ки дар давоми 10-сол зиндагии онҳо хеле пеш рафтааст. Инчунин дар бораи арзишҳои миллӣ, фарҳанги ниёгон тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ суханронӣ карданд. Имрӯз мардум дар ҳама ҷой шукрона аз сулҳу суббот рушди Тоҷикистони азиз мекунанд. Дар аксарияти вохӯриҳо бо аҳолӣ пешниҳодҳои гуногун оиди тағйирот ба Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфта шуданд. Асосан дар фарҳанги либоспӯшии занону духтарон таклифҳо буданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.