Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Тоҷикистон назорати бемории сил пурзӯр мегардад

Дар Тоҷикистон назорати бемории сил пурзӯр мегардад

28-07-2017, 15:54
Хабарро хонданд: 289 нафар
Назарҳо: 0

Дар Тоҷикистон назорати бемории сил пурзӯр мегардад

ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, менеҷерони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, роҳбарони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, табибони силшинос аз ноҳияҳои водии Рашт ва минтақаи Кӯлоб ба вилояти Суғд сафар намуданд.

Тавре аз ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим иттилоъ доданд, ҳадафи аслии сафар шиносоии гурўҳи корӣ бо фаъолияту таҷрибаҳои беҳтарин дар самти пешгирии бемории сил ва вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)мебошад.

Имрӯзҳо дар вилояти Суғд барои пешгирии бемории сил ва ВНМО пайваста тадбирҳо андешида мешаванд ва яке аз фаъолияти назаррас дар ин хусус таъсиси кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

«Аз соли 2015 дар ҳудуди вилояти Суғд 97 Кумитаи маҳаллии тандурустӣ ташкил гардида, 570 нафар намояндагони бахшҳои маориф, дин, занон, ҷавонон, ҷамоатҳо ва кормандони тиб ба он аъзо мебошанд. Дар соли 2016 танҳо бо ёрии аъзои кумитаҳои мазкур чанд нафар мубталоёни бемории сил аз байни аҳолӣ дарёфт ва ба табобат фаро гирифта шуданд»,- иттилоъ доданд аз Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: