Мусобиқаи варзишии футбол дар шаҳри Норак16-11-2015, 09:57
Хабарро хонданд: 547 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақшаи чорабинии ташкилоти ибтидоии «Варзиш» дар якҷоягӣ бо бахши ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз 16.10.2015 то 10.11.2015 дар майдони марказии шаҳри Норак ба ифтихори Ҷоми ба номи шодравон собиқ раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Қосим мусобиқаи варзишии футбол дар байни 16 даста аз ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ ва корхонаю муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот баргузор гардид.
Дар ин чорабинии варзишӣ зиёда аз 2000 ҳазор нафар мухлисони футбол ва намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуданд. Дар фарҷоми бозӣ ғолибони мусобиқа аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва бахши ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дастаи футболи бахши ТҶҶ «Созандагони Ватан» барои иштироки хубу намунавӣ аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо «Ҷом ва Диплом» сарфароз гардонида шуд. Ҷои якум насиби дастаи «Сари бора», ҷои дуюм насиби дастаи «Энергетик» ва ҷои сеюм насиби дастаи «Пули Сангин» гашт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.