Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Роҳи автомобилгарди “Балҷувон — Сари Хосор” сохта ва рушди соҳаи сайёҳӣ таъмин карда шавад!»

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Роҳи автомобилгарди “Балҷувон — Сари Хосор” сохта ва рушди соҳаи сайёҳӣ таъмин карда шавад!»

14-07-2017, 14:30
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Роҳи автомобилгарди “Балҷувон — Сари Хосор” сохта ва рушди соҳаи сайёҳӣ таъмин карда шавад!»
ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рузҳои 7 ва 30 июни соли ҷорӣ муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор аз ҷараёни корҳо дар сохтмони роҳи автомобилгарди “Балҷувон-Сари Хосор” дидан намуда, дар доираи ҷаласаҳои Ситоди амалкунада масъалаҳои мавҷударо мавриди баррасӣ қарор дода буд.

Зикр карда шуд, ки мақсад аз вусъат бахшидан ба ҷараёни корҳои сохтмонии роҳи автомобилгарди “Балҷувон-Сари Хосор” ин пайваст кардани роҳи автомобилгарди деҳаҳои ҷамоати деҳоти Сари Хосор бо маркази ноҳия ва тавассути он муҳайё сохтани шароит барои дастрасии сокинони кишвар ва сайёҳони хориҷӣ ба ин минтақаи зебоманзари кишварамон мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки сохтмони роҳи мазкур аз соли 1990 оғоз гардида, бинобар маҳдуд будани имкониятҳои маблағгузорӣ ва нооромиҳо дар кишвар то имрӯз, мутаасифона, ба охир нарасидааст. Дар ин муҳлат барои давом додани корҳои сохтмонӣ аз буҷаи марказӣ зиёда аз 7 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст ва мушкили асосӣ дар сохтмони ин роҳ аз он иборат мебошад, ки масири он аз мавзеъҳои пуркаҷу килеби шароити мушкили куҳистон гузашта, танҳо дар 23 километри аввали он зарурати сохтмони 53 адад обпартою қубурҳои оҳану бетонии обгузар вуҷуд дорад, ки ин хароҷоти муайянеро талаб менамояд.

Сари ХосорБо мақсади расонидани кумаки амалӣ ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоати деҳаи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон дастур дода шуд, ки аз ҳисоби ҷавонони тануманди ҷамоату ноҳия гурӯҳҳои ризокоронро ташкил намуда, ба раванди корҳои сохтмонӣ такони тоза бахшанд.

Ҳамчунин бо мақсади ташкил намудани инфрасохтори зарурӣ, иншооти хизматрасонию маишӣ ва истеҳсолӣ, дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, бо назардошти ба минтақаи сайёҳӣ табдил додани ноҳия, алалхусус ҷамоати деҳоти Сари Хосор, бо дастури Пешвои миллат бо фаъолон, зодагони минтақа, сохторҳои дахлдор ва доираи васеи соҳибкорон гуфтушунидҳои пурсамар анҷом дода шуд.

Интизор меравад, ки аз ҳисоби соҳибкорони бонангу номуси минтақа масъалаҳои ташкили шароити муносиб барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ва гузоштани заминаи вокеӣ барои рушди минбаъдаи ноҳия, дар маҷмуъ дастгирӣ меёбад.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: