Имрӯз – Рӯзи моҳипарварон: дар ВМКБ шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ сол то сол афзоиш меёбад9-07-2017, 08:38
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
ХОРУҒ, 09.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо кӯлу ҳавзҳои сунъӣ ва рӯдхонаву обанборҳо мавҷуданд, ки барои ташкил ва рушди соҳаи моҳидорӣ заминаи хуб мебошанд. Ҳоло дар вилоят 12 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият мекунанд ва ҳамасола дастурхони мардумро аз ин ғизои муфид ба қадри имкон таъмин месозанд. Бино ба иттилои муовини сардори Раёсати кишоварзии вилоят Адолат Ҳайдарова, соли гузашта моҳипарварони вилоят беш аз 15 тонна моҳиро ба бозор бароварданд. Аз ҷумла, хоҷагиҳои моҳипарварии «Осман»-и ноҳияи Рӯшон 1,5 тонна, хоҷагиҳои моҳипарварии «Ёмҷ»-и ноҳияи Шуғнон 1 тонна, Роштқалъа 0,5 ва Булункӯл, Турумтайқӯл, Ойқӯли ноҳияи Мурғоб беш аз 12 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд. Шумораи хочагихои мохипарвари дар ВМКБ сол аз сол афзоиш меёбандМутаассифона, бар асари обхезии ду-се соли охир чанд ҳавзи моҳипарварӣ, аз ҷумла «Мирен»-и шаҳри Хоруғ ва «Барчид»-и ноҳияи Шуғнон хароб гардиданд ва ҳоло соҳибони ин хоҷагӣ барои дуввумбора барқарор кардани ин ҳавзҳо талош доранд. Ҳавзи хоҷагии моҳипарварии «Осман»-и ноҳияи Рӯшон низ дар канори рӯдхонаи Панҷ ҷойгир аст ва ҳар сол дар мавсими обхезӣ осеб медид, аммо имсол дар масофаи 500 метр соҳили рӯдхонаро бо сангҳои хоро мустаҳкам карданд. Сарвари хоҷагии моҳипарварии «Осман» Мансур Давлатмамадов гуфт, ки дар ин ҳавз зиёда аз 10 ҳазор моҳӣ ва моҳичаҳо парвариш карда мешаванд. Онҳое, ки ба тозагӣ ба шуғли моҳидорӣ машғул мешаванд, метавонанд ройгон аз ин ҳавз моҳичаҳо дастрас кунанд. Номбурда гуфт, ки соли гузашта ба баъзе аз хоҷагиҳои навтаъсиси моҳипарварӣ ҳазор дона моҳича туҳфа карданд. Ба наздикӣ ба хоҷагии таҷрибавии моҳипарварии деҳаи Анбави ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъа 200 дона моҳича тақдим намуданд. Шумораи хочагихои мохипарвари дар ВМКБ сол аз сол афзоиш меёбанд _2Дар обанборҳои вилоят зиёда аз 100 тонна моҳӣ мавҷуд аст. Дар ҳавзҳои сунъӣ зағорамоҳӣ, сазан, амури сафед, дар кӯлҳои табиӣ османмоҳӣ, ширмоҳӣ ва гулмоҳӣ парвариш меёбанд. Азбаски аксарияти кӯлу ҳавзҳои моҳипарварӣ садҳо километр аз шаҳри Хоруғ дуранд, ҳангоми интиқол дар аксарияти ҳолатҳо моҳӣ сифати худро гум мекунад. Бинобар ин ҳангоми мулоқоти Пешвои миллат бо сокинони шаҳри Хоруғ гурӯҳе аз хоҷагиҳои моҳидорӣ хоҳиш намуданд, ки дар ҳалли ин мушкилиҳо ба онҳо кумак расонанд. Соли гузашта дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ Ассотсиатсияи моҳипарварони вилоят соҳиби нақлиёти махсуси интиқоли моҳӣ (рефрижератор) гардиданд. Ҳоло моҳидорон барои ба бозорҳои шаҳри Хоруғ ва деҳоти атрофи он интиқол додани моҳӣ ҳеҷ мушкил надоранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.