Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Умре бо халқ

Умре бо халқ

15-06-2017, 08:40
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
Умре бо халқ
Маҷлисеро, ки дар толори ҳукумати вилоят ба муносибати раиси вилояти Хатлон таъин шудани Амиршо Миралиев барпо шуда буд, ёд дорам. Ҳамроҳаш аз шаҳри Душанбе Сарвазири ҳамонвақтаи мамлакат Оқил Оқилов омада буд, то Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар барои раиси вилояти Хатлон таъин шудани А. Миралиев ба аҳли толор ва тамоми мардуми Хатлонзамин эълом бидорад.
Ба раиси навтаъиншуда Амиршо Миралиев сухан доданд. Бисёр гап назад. Воқеан, ӯ гапи бисёрро ҳеҷ маҳал дӯст намедорад. Мефорадаш, ки бисёр кор кунад.
- Ман ба ин вилоят барои бод кардан не, барои обод кардан омадаам, - гуфт ӯ.
Амиршо Миралиевро аз қадим боз мешиносам. Дар ҷодаи комсомол ҳамсаф ва ҳамнабард будем. Дар ҳамин дег ҷӯшидаву пухта расидем. Медонистам ва медонам, ки мактабдидаи комсомол корро аввал дидаву пасон гапро санҷида мегӯяд. Айёми ҷавонӣ, пас аз хатми Донишкадаи аграрии Тоҷикистон корашро аз комсомол оғоз бахшид. Комсомол аз бози таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ дар мамлакат олитарин мактаби интизом дар кору зиндагӣ маҳсуб меёфт. Ана, Амиршо Миралиев сароғоз аз ҳамин мактаб гузашт.
14 апрели соли 1977 водии Вахш ба вилояти Қӯрғонтеппа табдил ёфт. Аввалин котиби якуми вилояти навбунёди Қӯрғонтеппа, дастпарвари ҳамин водӣ Ғойибназар Паллаев таъин гардид. Ӯ қарор дод, ки кадрҳои роҳбарикунандаро асосан аз ҳисоби ҳамин водӣ интихоб ва таъин намояд. Ман, ки дар кумитаи комсомолии ноҳияи Қумсангир (Ҷайҳуни ҳозира) фаъолият доштам, ба ҳайси котиби кумитаи комсомоли вилоят ба кор даъват шудам. Амиршо Миралиев бошад, ҳамин асно вазифаи мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи Марказии Комсомоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дӯш дошт.
Он солҳо дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони иншоотҳои азим ва дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ, аз қабили Шоҳроҳи Байкалу Амур (БАМ), Атоммаш, заводи автомобилсозии КАМСК (КАМАЗ), дар Тоҷикистони сотсиалистӣ, ба монанди «Алюминстрой», «Тоҷикхимпром», азхудкунии водиҳои Бешкенту Қарадум ва ғайраву ва ғайраҳо оғоз ёфт ва сахт ҷараён ҳам гирифт. Ба ин муносибат шиори сохтмони зарбдори комсомолӣ ба майдони корзор баромад. Ва ин беҳудаю бесабаб набуд. Дар он давра ҳама корҳои ободгароии мамлакат бар дӯши комсомолону ҷавонон вогузошта шуда буд.
Амиршо Миралиев бо тақозои вазифа ҳар гоҳ ба вилояти мо меомад. Ба шаҳру ноҳияҳо мебаромадем. Шояд аз ҷиҳати масъулиятшиносиам бошад, котиби якуми кумитаи комсомолии вилоят Асадулло Одинаев дар сафари кории ноҳияҳо бо Амиршо Миралиев худаш мерафт ва баъзан маро ҳамроҳ мекард.
Дар ҳамин гуна сафарҳо ман аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхтам: - пеш аз ҳама масъулиятшиносӣ, одаму одамгарӣ, фурӯтаниву хоксориро ман аз Амиршо Миралиев омӯхтам.
Басе ифтихормандам, худро хушбахттарин инсони рӯи замин мешуморам, ки бо Амиршо Миралиев барин инсони комил дӯстию бародарӣ дорам.
«Ман ба ин вилоят барои бод кардан не, барои обод кардан омадаам»-аз ин гуфтаҳои Амиршо Миралиев ман ҳамсафи комсомолаш сараввал ифтихор намудам. Баъдтар, рости гап, битарсидам. Сахт тарсидам. Дилам ларзид. Охир, дар он айёме, ки ӯ инони роҳбарии вилоятро ба даст гирифт, ҷоеро обод намудан саҳлу осон набуд. Як ман не, бисёр иштирокчиёни маҷлиси онрӯза ҳамин фикру ақидаро доштанд. Вале як чиз маро тасалло медод ва хотирамро ҷамъ мекард, медонистам Амиршо Миралиев кори нашуданиро намекунад ва гапи набударо намегӯяд. Ба ин ман эътимод доштам «Пас, аз худаш боварӣ доштааст», ки гуфтааст.
Агар аз он рӯз яку якбора ба имрӯз бигзарем, ҳам ман, ҳам ҳама иштирокдорони маҷлиси онрӯза кору созандагиҳои афсонавии Амиршо Миралиевро дар солҳои роҳбариаш дида, ба хулосае омаданд, ки гавҳаршинос будааст Президентамон. Гавҳаршиноси асил будааст, ки аз миёни ҳамин қадар роҳбару мутахассисони мамлакат маҳз ҳамин инсонро пайдо ва интихоб намуда, ба вилояти ҷангзадаи Хатлон фиристодааст.
Бисёр хислатҳои Амиршо Миралиевро медонам, аз худ кардаам ва низ пазируфтаам. Худованд ба ӯ чандин хислатҳои неки инсониро арзонӣ доштааст. Қабл аз ҳама инсондӯсти асл аст. Одамонро ҳеҷ гоҳ ба синну сол, мартабаю вазифа, худию бегона, қавому миллат ҷудо намекунад. Ба ҳама баробар ва ёру бародар аст ӯ. Пасон соҳиби ақлу идроки воло, фаҳму фаросати олӣ ва инсоншиносу равоншиноси модарзод аст. Бо деҳқон деҳқон аст, бо бинокор бинокор, бо чорводор чорводор, бо санъаткор санъаткор. Аз ҳама касбу ҳунарҳо воқифияти комил дорад.
Бо тақозои касбу вазифа қариб дар ҳама ҷамъомаду маҷлисҳои ҳукуматӣ ширкат мегирифтам. Медонам ва эҳсос мекардам, ки баъзе раисони шаҳру навоҳӣ ё роҳбарони идораю корхонаҳои вилоятӣ ҳангоми гуфтугӯву пурсуҷӯ гоҳо раисони вилоятро фиреб медоданд. Баъзе маълумотҳояшон бардурӯғ буд. Ва раиси вилоят боварашон мекард. Бо ҳамин ҷонашон раҳо меёфт. Аммо бо Амиршо Миралиев ҳеҷ вақт чунин муомила ва муносибат карда намешуд. Дар ҳамон ҷо камбудиашонро меёфт, дурӯғашонро ошкор месохт ва пайдост, ки беҷазо намемонданд. Худ, ки ростгӯву ростқавлу рострав буд, каззобу дурӯғгӯёнро чашми дидан надошт.
«Доимо рост бигӯед, рост бизиед ва рост бимиред, тобеонашро таъкид менамуд вай. Рост бигӯед, агарчи сухани рост талх аст. Ва бидонед, ки сухани рост ҳарчанд талх аст, инсонро оқибат, рафта – рафта ба шириниҳои зиндагӣ мерасонад. Ҳамеша рост бигӯед, агар рафту, дар ҷое дурӯғ гуфтанатон зарур ояд, мардум рост гумон мекунанд. Шоир гуфтааст – ку:
Якеро к-одат бувад ростӣ,
Хатое равад, даргузоранд аз ӯ.
Ва гар номвар шуд ба қавли дурӯғ,
Дигар рост бовар надоранд аз ӯ.»
Боз он тоифа одамонеро дӯст намедорад, ки аз номаш ( аз номи Амиршо Миралиев) ба манфиати худ гап зананд ва бо ин роҳ аз роҳбарон чизе тамаъ ва талаб кунанд. Ин қабил одамонро ҳамон замон аз кору вазифа сабукдӯш месозад. Медонам ва шоҳид ҳам будам, ки чандин соҳибвазифагони дорои чунин хислатҳоро аз кор гирифтааст.
Табиатан меъмор аст Амиршо Миралиев. Бовар кунед, нуқсу камбудии иморати сохташудаистодаро аз дур мебинаду меёбад ва меъмори онро таъкид месозад, ки агар меъмории онро ба ин тарзу он тарз роҳандозӣ мекардед, бино боз ҳам зеботар ва ба дошттару мустаҳкамтар мебаромад. Меъмор илмашро кор мефармуд ва эҳсос менамуд, ки гапи Амиршо Миралиев ҳақ ва маслиҳаташ баҷову бамаврид аст. Танҳо тан додану қоил шуданаш мемонду бас. Аз ин рӯ, чӣ қадар иморату иншоотҳое, ки дар даврони роҳбарии Амиршо Миралиев дар шаҳру навоҳии вилоят рӯи кор омада бошанд,(онҳо беҳад бисёранд) ҳамагӣ хуштарҳу зебо ва ба талаботи замон мувофиқу муносибанд.
Вақте, ки ба ҳайси раиси вилояти Хатлон омад, Амиршо Миралиев аввалдараҷа корашро аз таъмиру азнавсозии бинои ҳукумат сар кард. Зеро он бино солҳои зиёде ҳамчун бинои ҳизби коммунисти собиқ вилояти Қӯрғонтеппа хидмат кардаву кӯҳнаву фарсуда шуда буд.
-Бинои ҳукумат бояд аз дигар биноҳо дар симо, ҷаззобӣ ва хуштарҳӣ фарқ карда истад, - ақида дошт ӯ, - зеро он ҳукумат аст. Ва гирифту онро ба таври шинохтанашаванда ва афсонавӣ дигаргун сохт. Бовар кунед, толори хурди маҷлисгузаронӣ надошт бино. Толори нав созонд. Онро аз ҳисоби маблағи давлат насохт. Соҳибкорон, ёру рафиқони сарватмандашро ба кор андохт ӯ, онҳо мададаш карданд.
Дар давраи роҳбарии Амиршо Миралиев чӣ қадар иморату иншоотҳо сохтаву ба хидмати халқу ватан вогузор карда шуданд, э – ҳа – а, поён надорад. Танҳо як ҳиссаашро мисол меорем. Бо ташаббуси шахсии худи Амиршо Миралиев шаш фабрикаи ресандагӣ дар шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппаю Кӯлоб, Бохтар, Фархору Восеъ, се корхонаи муштараки коркарди пилла дар шаҳру навоҳии Кӯлобу Сарбанд ва Данғара, бисту нӯҳ корхонаи коркарди пахта, ду корхонаи коркарди пӯсту пашм, ҳафт корхона ва сехҳои коркарди меваю сабзавот сохта шудааст. Ҳамаи ин аз такопӯву ҷаҳду талошҳои Амиршо Миралиев дарак медиҳанд, ки ба хотири пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва беҳдошти зисту зиндагонии мардуми он ба субут расондааст.
Агар ташаббускори ҷалби сармояи хориҷӣ дар мамлакат сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бошад, дар солҳои роҳбарии Амиршо Миралиев ин иқдоми ватандӯстона дар Хатлонзамин идома ёфт. Маҳз бо ҳамин роҳ фаъолияти корхонаҳои муштараки «Дарвоз»-и ноҳияи Ховалинг, «Тоҷик-Азот»-и шаҳри Сарбанд, «Кимё»-и ноҳияи Ёвон бамаротиб беҳ шуданд. Ҳаҷми истеҳсолотии корхонаҳои саноатие ба монанди «Тоҷик Азот»-и шаҳри Сарбанд, «Ветнам-Силк» шаҳрҳои Кӯлобу Сарбанд, ноҳияи Данғара, инчунин, «Тоҷирон»-и ноҳияи Данғара натанҳо ба даврони Иттиҳоди Шӯравӣ баробар шуд, балки аз он ҳам пеш гузашт. Бовар кунед, ин як афсона асту бас.
Амиршо Миралиев овони роҳбариаш боре ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси роҳбари намояндагони вилояти Хатлон сафари расмӣ низ дошт. Дар вилоятҳои Қундузу Балхи Афғонистон меҳмонони Хатлониро хуш пазироӣ карданд. Бисёр корхонаҳои саноатии ҳарду вилоятро тамошо карданд. Амиршо Миралиев ҳамчун роҳбари гурӯҳи намояндагӣ дар ҳарду вилоят назди роҳбарону мутахассисон ва мардуми одии афғон суханронӣ кард. Дар ҳамон ҷо ҳам мекӯшид, ки баробари барқарорсозию мустаҳкамсозии дӯстии байни мардуми Хатлону Балху Қундуз онҳоро ба Хатлон ҷалб созад.
-Ман ҳамроҳи худ соҳибкорону тоҷиронро овардаам,-мегуфт ӯ, - марҳамат, биёед, ҳамкорӣ мекунем. Ин ба манфиати вилоятҳоямон хоҳад шуд.
Аз он пас муносибату ҳамкориҳои ин вилоятҳо ба роҳ монда шуд ва аз ин вилояти Хатлон манфиат ёфт. Яъне, дар ҳар ҷое бошад, ғами вилоят, ғами халқи вилоятро мехӯрд Амиршо Миралиев.
Интизому интизомнокиро ба ҷон мепарастиду мепарастад ӯ. Онро аввал худ риоя мекард, сипас аз дигарон талаб менамуд.
Яъне, ӯ ғуломи кор асту ғуломи интизом.
-Интизом он нест, ки аз саҳар то бегоҳ дар ҷои кор бошию лекин коре накунӣ, - ҳамеша тобеъонашро таъкид месохт вай, - интизом он аст, ки манфиатат ба халқу ҷамъият бирасад, кори имрӯзаат аз дирӯза нафъовартар ва бобаракаттар бошад. Дар кор навоварӣ ва пешравие дошта бошӣ.
Пас аз соати шаши бегоҳ утоқ ба утоқи корӣ гашта, касонеро, ки дар утоқи кориашон нишастаанд, берун мекард.
-Дар ин ҷо беҳуда чӣ менишинӣ? –мегуфт ӯ. – Ҳамин қадар кор кардӣ, бас. Агар ба шарте кор карда бошӣ, ин гапро бо лабханд мегуфт. Акнун бихезу бирав. Ба хонаат рав, ё ба ягон қаҳвахона рафта истироҳат кун. Агар пул надошта бошӣ, пулат диҳам. Дам гир, барои пагоҳ қувваю нерӯи наву тоза ҷамъ овар. Дар ин ҷо нишаста, қувваи кори пагоҳинаатро аз даст медиҳӣ, пагоҳ ҳалолу босифат кор карда наметавонӣ. Ҳамаи ин чӣ лозим!
Худаш ҳам ба мошини хидматиаш менишасту мерафт. Ягон соат, соат куҷо, ягон дақиқаи вақти кориашро беҳудаю бесамар намегузаронад Амиршо Миралиев.
Боре баъди нимарӯз марде ба ҳукумати вилоят омада, ба милисаҳои дарбон гуфтааст, ки ман ҳамхидмати Амиршо Миралиеваму мехоҳам бо ӯ дидорбинӣ намоям. Мувофиқи қоида милисаи дарбон ба қабулгоҳи раиси вилоят занг мезанад ва ӯро аз омадани меҳмон огоҳ менамояд.
- Ман хона дорам бародар, - ҷавоб додааст Амиршо Миралиев ба милисаи дарбон, - ин ҷо ҷои кор аст. Ман бо кори давлат бандам. Вақту фурсати меҳмонро дар ин ҷо қабул кардан надорам. Ба меҳмон бигӯед, ки бегоҳ ба хонаам равад. Дар хона то саҳар ҳамроҳаш менишинам.
Дар боло гуфта будем, ки Амиршо Миралиев ҳамеша тобеъонашро таъкид менамуд, ки дар вақти кор кор кунеду ҳангоми истироҳат истироҳат. Нашавад, ки аз инаш ҳам бозмонеду аз онаш ҳам.
Дар очеркамон қайд карда будем, ки Амиршо Миралиев вақти кориро ҳам сахт риоя мекарду вақти истироҳатро ҳам. Соати шаши бегоҳ корашро қатъ мекарду ба хонааш мерафт. Аз дигарон низ ҳаминро талаб менамуд. Дар ҳамин бобат як лаҳзаи даврони ҷавонӣ, давраи дар кумитаи комсомоли ноҳияи Ҷайҳун кор карданам ба хотирам омад. Солҳои 1975-1977 буд. Ҷавон будем. То нисфи шаб кор мекардем. Хастагиро намедонистем. Боре, соат тақрибан наздики даҳи шаб буд. Ҳамроҳи котиби комсомол Инъомҷон Султонов дар утоқи кориамон машғули кор будем. Банохост ба утоқи кориамон Амиршо Миралиев (ҳамчун намояндаи кумитаи Марказии комсомолии Тоҷикистон) ва котиби якуми кумитаи комсомоли ноҳиямон Қобилҷон Зулматов ворид шуданд. Амиршо Миралиев баъди салому алейкум пурсупос аввал моро таъриф кард. Пас бо ғазаб рӯ ба Қобилҷон Зулматов оварду гуфт:
- Чаро инҳо то бевақтии шаб кор мекунанд? Хонаву дар надоранд магар? О, инҳо ҳам инсонанд, ҳаққи истироҳат кардан доранд. Равед хонаҳоятон, дам гиред!
Дар ҳамон ҷо ман Амиршо Миралиевро бори аввал дидаву аз наздик шинос шудам ва фаҳмидам, ки нисбати ҳамкорону ҳамкасбонаш, умуман нисбати инсонҳо чӣ қадар бараҳм ва ғамхору дилсӯз будааст.
Боз як одате дошт Амиршо Миралиев. Шабонгоҳон пои пиёда, тани танҳо ба сайругашти шаҳр мебаромад. Агар ягон камбудӣ, нозебӣ ё нобасомонии шаҳрро бубинад, таҳти назар мегирифт. Баъд, пагоҳ барвақт раиси шаҳрро ба утоқи кориаш даъват менамуд.
Мегуфт, ки бародар ман имшаб дар шаҳрат гаштугузор доштам. Дар фалон ҷою бисмадон ҷо ана ҳамин камбудиҳо ба чашмам бархӯрданд. Магар ту онҳоро надидӣ? Агар дида бошӣ, барои чӣ ислоҳашон намекунӣ? Аз ҳамин рӯз гирифта, ба ислоҳашон бикӯш.
Раиси шаҳр медонист, ки Амиршо Миралиев имшаб боз ба тамошои шаҳр мебарояд. Аз ин рӯ маҷбуран баҳри ислоҳашон ҳаракат мекард. Ҳамин тариқ, шаҳри Қӯрғонтеппа рӯз ба рӯз ободу зебо мегашт.
Соли 2006 буд. Он вақт ман вазифаи роҳбарии яке аз хоҷагиҳои ноҳияи Ҷайҳунро ба зима доштам. Раиси вилоят Амиршо Миралиев маро наздаш даъват карду гуфт:
-Тошматҷон, ҷои ту ҳоҷагӣ нест. Ҳарчанд, ба хубӣ медонам, ки кори роҳбарии ҳоҷагиро ҳам аз ӯҳдаш нағз мебароӣ. Ту аз аввал корманди соҳаи идеологӣ будӣ ва бояд то ба охир дар ҳамин ҷода бимонӣ. Вазифаи сармуҳарририи рӯзномаи «Дӯстлик»-ро ба даст мегирӣ. Миқдорашро ҳам зиёд мекунию мазмуну мундариҷаашро ҳам дигаргун. Дар ин бобат ёриат мерасонам. Ёрӣ ҳам расонд. Адади рӯзнома аз дусад нусхаи ҳамонвақта имрӯз ба 3800 адад расидааст. Кадрҳои хуб ҳам ёфтему тарбия кардем.
Мо дар ин очерк шояд аз сад як ҳиссаи хидматҳои Амиршо Миралиевро ҷой дода бошем, хидматҳои он кас ҳадду ҳудуд надоранд. Дар зарфи шаш сол Хатлонро ба таври афсонавӣ дигаргун сохт…
Боз Сарвазири ҳамонвақтаи мамлакат Оқил Оқилов омада фармони Президенти мамлакатро бо худ овард. Ӯ роҳбари Дастгоҳи Президентӣ яъне, ба вазифаи боз ҳам пурмасъулияттаре таъин гардида буд. Вале аҳли толор сархаму маҳзун буд, ҳама ба якдигар бо дидаи ҳасрат менигарист, касе табассум намекард.
Амиршо Миралиев барои арзи сипос намудан ба Сардори давлат ва мардуми Хатлонзамин ба минбар баромад.
- Ман дар ҳар ҷое, ки бошам, ҳамеша бо халқи Хатлонам. Агар аз дастам ояд, аз ҳамон ҷо ҳам хидмататонро ба ҷо меорам.
Бале, Амиршо Миралиев умре бо халқ буду ҳаст. Ва халқ низ ҳамеша бо ӯст.
Чӣ хеле, ки Далери Абдулло дар китобаш «Родмарде дар масири сиёсат» (Душанбе «ЭР-граф», 2016) овардааст, Амиршо Миралиев ба мисли офтоб аст, ки ба ҷаҳониён равшанӣ мебахшад. Вале аз ҳад гузаронию аз қолаб берун ойӣ, сахт месӯзонадат.
Барҳақ, Устоди бузургвори ман Амиршо Миралиев худ як офтобест.
Боз чизи дигареро эҳсос кардам: Муддати панҷоҳ соли фаъолияти кориам пай бурдаам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба тоҷику тоҷикистониён сулҳи ҷовидона овардааст, касе ба мисли Амиршо Миралиев дӯст нахоҳад дошт ва ба қадраш нахоҳад расид.
Амиршо Миралиевро бошад, ман, дар кору зиндагӣ Устоди ҳақиқии худ мешуморам ва то ҳастаму ҳаст дӯсташ медорам ва эҳтиромаш мекунам.



Тошмат Темиров,
Сармуҳаррири рӯзномаи «Дӯстлик»-и
вилояти Хатлон, Аълочии фарҳанг
ва матбуоти Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: