Соати сиёсӣ «Ваҳдати миллӣ – асоси давлатдории навини тоҷикион20-06-2017, 09:27
Хабарро хонданд: 389 нафар
Назарҳо: 0
СПИТАМЕН. Тибқи нақшаи кумитаи иҷроия дар ноҳияи Спитамен бо омӯзгорони МТМУ № 4 соати сиёсӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – Асоси давлатдории навини тоҷикон» гузаронида шуд. Дар ин вохӯрӣ сармутахассиси кумитаи ҷавонон ва итилоот Муҳиддинова У. ва мутахассиси омори кумитаи иҷроия Обидҷонова Ф. иштирок доштанд. Зимни суханрони Муҳиддинова У. қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ арзише мебошад, ки он дар натиҷаи ризоияти давлат ба даст омадааст ва он барои бунёд ва рушди тамоми унсурҳои ҷомеа ва давлат такя менамояд. Аз ин лиҳоз, бешубҳа метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ – асоси бунёдии давлатдории миллӣ мебошад.
Дар охир ба даҳ нафар омӯзгороне, ки бо амри дили худ ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.