Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер17-06-2017, 17:00
Хабарро хонданд: 158 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 17.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: “Ҷаноби Олӣ, Хабари реҳлати собиқ Канслери Германия Хелмут Кол боиси андӯҳи бепоёни мо гардид. Ҳелмут Кол, ба ҳайси шахсияти бузурги давлатӣ, хислату мӯҳтавои як давраи комили рушди кишварро муайян намуда, ҳамчун сиёсатмадоре, ки дар раванди муттаҳид гардонидани Германия ва таъсис додани Иттиҳоди Аврупо нақши бузург дорад, дар таърихи муосир ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд. Ҷаҳду талошҳои пайвастаи ӯ дар арсаи байналмилалӣ баҳри таҳкими сулҳу субот ва ризоияти кулл, қатъ гардонидани давраи “ҷанги сард” боиси шинохти умум ва эътирофи марҳум гардид. Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо ва ҳамаи пайвандону наздикони марҳум, ҳамчунин ба тамоми мардуми Германия таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро иброз менамоям”. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.