Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» сабақ бар ташаккули худшиносии миллӣ16-06-2017, 09:38
Хабарро хонданд: 225 нафар
Назарҳо: 0
БӮСТОН. Дар ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар доираи ҷашнгирии 20- солагии Ваҳдати миллӣ дарсҳои хониши сиёсӣ баргузор гардида истоданд, яке аз мавзӯҳои асосии хонишҳои сиёсии ҳафтаи равон омӯзиши асари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро фаро гирифтааст.
Чунин чорабинӣ дар кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон бо фаъолони ташкилоти ибтидоии бахши Агентии шуғли аҳолӣ ва китобхонаи шаҳрӣ баргузор гардида, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Г. Мухторова оиди «Сабақҳои таърих ва озмоиши мактаби Истиқлолият» маълумотҳои муфассал пешниҳод намуд. Дар китобхонаи шаҳрӣ дар байни иштирокчиёни дарси Хониши сиёсӣ толибилмони муассисаҳои таълимӣ ҷалб гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.