Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Арманистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Арманистон

14-06-2017, 11:43
Хабарро хонданд: 159 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Арманистон

14 июни соли 2017 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бо маросими истиқболи расмӣ дар назди “Қасри Президент” оғоз ёфт.

Барои истиқболи меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони зебо бо парчамҳои давлатии ду кишвар, сафҳои горди фахрии Арманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ ороста буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

Сипас маросими бошукӯҳи истиқбол бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони ҳарду давлат аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба парчами давлатии кишвари мизбон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфта, бо расми гузашти низомии ҷузъҳои горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян оғоз ёфта, сипас дар музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Арманистон идома ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимии ҳукумат ва мардуми дӯсти арман изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, аз муносибатҳои деринаи ду кишвар, саҳми мардумон дар рушду пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷаҳду талошҳои халқи арман барои шукуфоии диёрашон ёдовар шуданд.

Аз сатҳи кунунии муносибатҳои ду ҷониб, ки имсол аз барқароршавии равобити дипломатии мамлакатҳо 25 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз ҳамкории зичу судовар манфиатдор аст ва мо кушиш менамоем, ки бо муколамаҳои сатҳи олӣ барои амалӣ кардани нақшаву ниятҳои некамон такони ҷиддӣ бахшем.

Қабули Шартнома дар бораи дӯстию ҳамкорӣ ва таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ омили муҳим барои ноил гардидан ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва маърифатию фарҳангӣ номида шуд.

Таъкид гардид, ки робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманистон дар доираи СММ, ИДМ, СААД ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ барои ҳалли масоили байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир, имкони мусоид фароҳам меорад.

Дар ҷараёни мулоқот пешниҳод гардид, ки барои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои истеъмолии якдигар робитаи бевосита байни субъектҳои амалкунандаи ҳарду ҷониб ба роҳ монда шавад. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати куҳӣ, саноати сабуку хурокворӣ, кишоварзӣ, фарматсевтӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ, инчунин алоқаю туризм аз самтҳои ояндадори рушди ҳамкории дуҷониба номида шуданд.

Ҳамчунин зарур шуморида шуд, ки аз имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ баҳри таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пахта, сангҳову металлҳои қимматбаҳо, истеҳсоли молҳои алюмийнӣ ва дигар ашёи рузғор ба манфиати ҳарду кишвар бояд истифода гардад.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои амниятӣ дахл карда, вобаста ба ҳалли мушкилоту низоъҳо дар минтақаҳои даргир ва дигар кишварҳои ҷангзада роҳҳои муҳиму судманди ҳалли онҳоро пешниҳод намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар маҷмуъ натиҷаҳои музокироти сатҳи олии имрӯза ба рушди муносиботи ду кишвари дӯст мусоидати фаъол мекунад.

Дар интиҳои мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Аз рӯйи ҷамъбасти вохӯрии дучониба ва натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арманистон Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул гардида, 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба алоқаи ҳавоӣ;

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон барои солҳои 2018-2019;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи телекоммуникатсия ва алоқаи почта;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба эътирофи мутақобила ва баробарарзишии тахассуси таҳсилот, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш;

Созишнома байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ;

Созишнома байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 30 ҳуҷҷат ташкил медод, ки масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва илму маориф дарбар мегирифт.

Сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян аз рӯйи ҷамъбасти мулоқоти дуҷониба барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои музокироти сатҳи олиро баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ неку бобарор арзёбӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: