Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Карен Карапетян

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Карен Карапетян

15-06-2017, 11:39
Хабарро хонданд: 139 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Карен Карапетян

ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 июни соли 2017 дар шаҳри Ереван дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Карен Карапетян мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳарду ҷониб ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноату сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг ва ҳифзи табиат, ки дар заминаҳои меъёрию ҳуқуқии беш аз 30 санади ҳамкорӣ асос ёфтааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат хостори рушди боз ҳам судманду созандаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо ҷумҳурии дӯсти Арманистон шуда, таъкид доштанд, ки мо ба ояндаи неки ин робитаҳо ва татбиқи амалии санадҳои қаблан баимзорасида умеди зиёд дорем.

Таъкид гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои нек Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодию тиҷоратӣ метавонад заминаи боэътимод гузорад.

Дар ҷараёни мулоқот соҳаҳои саноати нассоҷӣ, воридоти технологияи муосири саноатӣ, коркарди металлҳои қимматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот, ҳамкорӣ дар бахши туризм ва дар соҳаи технологияи телекоммуникатсионӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои гуманитарӣ, фарҳанг, илму маориф, ба роҳ мондани робитаҳои судманд бо аҳли зиё изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: