Конференсияи ҳизбиён дар ноҳияи Шаҳритуз7-06-2017, 08:13
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори Қасри фарҳангӣ ноҳияи Шаҳритуз Конференсияи 11-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз таҳти раисии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдукарим Ҳайбулаев баргузор гашт. Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз Анзурат Абдусаломзода, 167 вакили Конференсия аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ интихоб шуда, 42 нафар даъватшудагон иштирок карданд. Дар Конференсия панҷ масъала дида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Аҳмадҷон Ализода дар назди аҳли толор суханронӣ намуда, вазифаҳои навбатиро муайян ва баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оинномавии ҳизб дастуру супоришҳои судманд доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.