Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ЧИН: АЗ ИНҚИЛОБИ ФАРҲАНГӢТО ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДӢ

ЧИН: АЗ ИНҚИЛОБИ ФАРҲАНГӢТО ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДӢ

4-05-2017, 11:38
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
ЧИН: АЗ ИНҚИЛОБИ ФАРҲАНГӢТО ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДӢ
Гузориш аз сафари кории ҳайати ҲХДТ
ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фаттоҳзода Саидмурод Самад аз таърихи 16 то 26 апрели соли равон, бо даъвати Ҳизби Коммунистии Чин, бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин ташриф овард. Гурӯҳи мазкур аз кормандони Дастгоҳи КИМ, раисон ва кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи шаҳру вилоят, намояндагони иттиҳоди ҷамъиятии «Созандагони Ватан» ва воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ иборат буда, дар рафти сафар бо роҳбарони Кумитаи марказии ҲКЧ, муовини парлумон, поҳбарони кумитаҳои ҲКЧ дар музофотҳои Ҳанжоу ва Шанхай мулоқот анҷом доданд ва бо сохтори сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии мардумии Чин аз наздик шинос шуданд.
Таърихи 17 апрел дар толори конфронси меҳмонхонаи Ваншоу бо коршиноси шинохтаи Чин, профессори ҷавон Юнзе Чен дар мавзӯи «Таъсиси созмонҳои ҷавонон дар Чин» ва муҳаққиқи таърихи ҲКЧ, профессор Ҷи Биао дар мавзӯи «Нақши ҲКЧ дар идоракунии ҷомеа» суҳбатҳо доир гардиданд. Дар ҷараёни сӯҳбат коршиносони чинӣ гуфтанд, ки бо вуҷуди паси сар намудани роҳҳои мураккабу печида ва ҳатто баъзе нокомиҳо дар сиёсат, ҲКЧ имрӯз низ аз эътимод ва дастгирии сартосарии халқи Чин бархурдор аст. Ин муҳаббат на танҳо ба хотири он, ки назария, роҳи интихобнамуда ва сиёсати ҳизб ба талаботи халқ ҷавобгӯ аст ва ё ҳизб ҳамеша омода аст, иштибоҳи худро иқрор кунад ва дар ислоҳи он кӯшад, балки ба он хотир аст, ки ба ҲКЧ ашхосе аъзоянд, ки дилашон бо дили тамоми мардуми Чин бо як оҳанг метапад. ҲКЧ ташкилоти заиф нест ва дар айни замон ташкилоти сифр сиёсӣ низ ба шумор намеравад ва ҳар касе, ки Оиннома ва Барномаи онро эътироф менамояд, метавонад ба он шомил шавад. Вале шомил шудан ба сафи ҳизби мазкур талаботи зиёд дорад ва аз ҳама муҳим номзад бояд дар таҳсил, кор ва ҳаёти ҷомеа фаъол бошад… Сармоягузори хориҷии як ширкати муштарак дар Чин, иқрор шудааст: «Ман бидуни рӯйхат низ медонам, ки дар ширкати мо киҳо узви ҲКЧ-анд. Онҳое, ки ҳалол кор мекунанд ва вазифаашонро аз рӯи виҷдон анҷом медиҳанд». Имрӯз аз 17-18 нафар аҳолии Чин як нафар узви ҳизб аст ва сафи он ба беш аз 80 миллион мерасад.
ЧИН: АЗ ИНҚИЛОБИ ФАРҲАНГӢТО ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДӢ
Дар асоси гузориши коршиносон маълум гардид, ки тамоми созмонҳои ҷавонон дар Чин таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии «Комсомол» фаъолият менамоянд. Фаразан танҳо Ассотсиатсияи донишҷӯён ва толибилмон 120 миллион нафарро муттаҳид месозад. Теъдоди пионерон бошад, беш аз 130 миллион нафар аст, ки ба он кӯдакони аз 6 то 10- сола шомиланд.
Рӯзи дувуми сафар нахуст бо Ноиб-директори Раёсати кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии шуъбаи байналмилалии КМ ҲКЧ хонум Ван Минем, баъдан ёвари Мудири шуъбаи байналмилалии КМ ҲКЧ, хонум Шен Пейли мулоқот анҷом дода шуд. Дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя ва дӯст, ки таърихи тулонӣ дорад ва истифода аз имконоти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, тақвият додани бахши сармоягузорӣ, вусъат бахшидани ҳамкориҳои ҳизбӣ, табодули таҷриба сухан рафт.
Баъд аз зуҳр мулоқоти ҳайати ҲХДТ таҳти роҳбарии муовини якуми ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси Умумичинии намояндагони мардумӣ, хонум Ян Тсзюнтси ва дигар намояндагони маҷлиси мазкур доир гардид.
Хонум Ян Тсзюнтси аз сафарҳои мутақобилаи Роҳбарони ду давлати дӯст ва ҳамҷавор ёдовар шуда, зикр кард, ки ин сафарҳои судманд боиси ба таври густурда роҳандозӣ шудани ҳамкориҳо тақрибан дар тамоми самтҳо гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ замина мешаванд. Мавсуф инчунин зикр намуд, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамоҳанг буда, ин тавъамӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ҳамеша мусоидат мекунанд. Кишварҳои мо чӣ дар доираи доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва чӣ дар ҳамкориҳои дуҷониба шарикони стратегӣ буда, аз манофеи ҳамдигар ҳимоят хоҳанд кард.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода Саидмурод Самад ҷавобан зикр намуд, ки мехоҳам барои даъвати ҳайати намояндагони ҲХДТ ба Ҷумҳурии Халқии Чин ва дар ин замина омода намудани як барномаи хеле фарогир, ки барои гурӯҳи мо манфиатовар хоҳад буд, ба Роҳбарияти ҲКЧ изҳори сипос намоям.
Мо дар Тоҷикистон муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегии байни кишварҳоямонро баланд арзёбӣ намуда, пайваста ҷиҳати дар сатҳи сифатан нав ва боз ҳам баландтар баровардани онҳо кӯшиш менамоем. Даъвати ҳайати ҳизбии мо ба Ҷумҳурии мардумии Чин намунаи олии ин муносибатҳои ҳасана ва тавсеаёбанда аст. Бояд зикр намоям, ки ин даъват барои банда ва аъзои ҳайати мо аз аҳамияти хос бархурдор аст. Мулоқоти мо бори дигар устувор ва мудаввом будани муносибати дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро собит намуданд. Муносибати хуби ҳамкорӣ ва дӯстии роҳбарони кишварҳои мо ба рушди устувор ва ҳамаҷонибаи кишварҳоямон, ки рӯз то рӯз тавсеа меёбанд, заминаи хеле мусоид фароҳам овардааст. Ба имзо расидани шартнома оид ба муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ ва муносибатҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ барои рушди устувори муносибатҳои ду давлати ҳамсоя заминаҳои мустаҳкам доранд. Кишварҳои моро муносибатҳои хуби дӯстона ба ҳам мепайванданд ва мо ҳамеша якдигарро дар масъалаҳои калидие, ки дар он манфиати кишварҳоямон ифода мегарданд, дастгирӣ менамоем. Дар доираи созмону муоҳидаҳои байналмилалӣ низ дар аксари мавридҳо мавқеи муштарак дорем,- таъкид кард Саидмурод Фаттоҳзода. - Имрӯз Ҷумҳурии мардумии Чин яке аз сармоягузорони асосии иқтисодиёти Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Шумо дуруст зикр намудед, ки доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин хеле густурда буда, дар бахшҳои энергетика, роҳсозӣ, кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷ ва истеҳсоли маъданҳо ва мисли ин хеле назаррасанд. Дар айни замон ҷумҳурии мо низ содироти мева ва сабзавотро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин хеле хуб ба роҳ мондааст.- Имрӯз ҷонибҳо масъалаи содироти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзиро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода истодаанд.
Аҳамияти мулоқоти имрӯзаи мо дар шароити зудтағирёбандаи вазъияти глобалии ҷаҳон, шиддат гирифтани низоъ ва хушунат, паҳншавии хатарҳои трансмиллӣ ва таъмини амният хеле муҳим арзёбӣ мешаванд. Дар бахши амният ва бехатарӣ низ ҳамкориҳои мо тақвият меёбанд. Пӯшида нест, ки имрӯз Тоҷикистон ва Чин мавриди таъқиби қувваҳои бадӣ мисли терроризм ва экстремизм қарор гирифтааст. Бояд бо хушнудӣ арз намоям, ки нисбат ба масъалаҳои зикргардида мо назар ва андешаи муштарак дорем. Мо дар мавриди пешгирии хатарҳои замони муосир дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ бо дӯстони чиноии худ мавқеи мо як аст. Ман бар ин боварам, ки ташаббусҳои созандаи кишварҳои мо, аз ҷумла ташаббуси стратегии «як камарбанд ва як роҳ» натоиҷи хуб дода, ба шарикии стратегӣ ва муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд ва ба манфиатҳои миллии мо хизмат хоҳанд кард, - афзуд С. Фаттоҳзода.
Фахр мекунам ҳар як мулоқоти мо ҷиҳати амалӣ гардидани он бо ибтикороти созандае, ки роҳбарони кишварҳои мо замина гузоштаанд, мусоидат хоҳанд кард. Дар мулоқот ҳайати ҲХДТ-ро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода ва кормандони сафорат ҳамроҳӣ намуданд.
Дар рафти сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳайъати ҲХДТ ба шаҳрҳои Ҳанжоу ва Шанхай, ки шаҳрҳои аз лиҳози иқтисодӣ тараққикарда ва таърихӣ маҳсуб мешаванд, ташриф оварданд. Дар шаҳри Ҳанжоу ҳайати ҲХДТ бо фаъолияти корпоратсияи истеҳсоли обҳои нӯшокӣ барои кӯдакон «Ваҳаҳа» (Кӯдакони хушбахт) шинос шуд. Муассисаи мазкур ҳанӯз сӣ сол қабл фаъолияти худро аз дӯкони кӯчаки баққолии наздимактабӣ оғоз намуда, имрӯз ба як корпоратсия бузурги байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки дар он беш аз 27 ҳазор нафар фаъолият доранд. Нӯшокиҳои ташнашикани ин муассиса барои саломатии кӯдакон муфид буда, дар Чин ва берун аз он хеле маъруф аст.
Дар ширкати «Даҳуа» (Dahua), ки дар ҷаҳон яке аз ширкатҳои машҳур дар бахши тавлиди дурбинҳои таъиноти гуногун маҳсуб мешавад, гурӯҳ бо навтарин технологияи истеҳсоли он шинос шуд. «Даҳуа» дар раддабандии Security 50, ки дар A&S Internftional нашр гардид, соли 2015 ҷои 5-умро соҳиб шуд. Дар асоси ҳисоботи HIS саҳми «Даҳуа» дар бозори дурбинҳои назоратӣ дар мақоми дуюм қарор гирифтааст. Имрӯз маҳсулоти ширкати «Даҳуа» дар бахшҳои мухталиф, мисли сохтори бонкӣ, «шаҳри бехатар», энергетика, телекоммуникатсия, бунёди хонаҳои интеллектуалӣ (доно) ва ғайра ба таври густурда истифода мешаванд. Гардиши солонаи ширкати мазкур дар як сол беш аз 1,6 миллион юанро ташкил медиҳад.
Дар мулоқот бо Мудири шуъбаи ташкилии Ҳизби Комунистии Хитой дар музофоти Ҳанжоу Жен Шен Хе, муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода зикр намуд, ки мо дар рӯзи нахустини сафари худ ба музофоти Ҳанжоу ба чунин хулоса омадем, ки зарбулмасали чинии «Дар осмон агар биҳишт бошад, дар замин Шуҷоу ва Ҳанжоу мавҷуд аст» асоси воқеӣ дорад. Мо хеле хушнудем, ки ба мо ифтихори ташриф ба биҳишти рӯи замин насиб гардид. Имрӯз ба мо муяссар гардид, ки бо фаъолияти як қатор корхонаҳои муваффақи музофоти Шумо шинос шавем ва дар ин замина маълумоти хеле муфидро дастрас намоем.
Тарафҳо инчунин зикр намуданд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ барои рушди иқтисодиёти кишварҳои ҳамсоя хеле муҳим буда, тасмимҳои ҷиддии тарафайн барои ҳамкории стратегӣ ва муносибатҳои дӯстона дар раванди таҳия ва амалӣ намудани барномаҳо ва лоиҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаҳои мусоид фароҳам хоҳанд овард.
Сокинони шаҳри Ҳанжоу, пойтахти музофоти Чжетсян аз он ифтихор доранд, ки Саммити G 20 дар шаҳри онҳо гузашт. Ин 11 саммит буд, ки бори нахуст дар ҶМЧ баргузор гардид. Мизбонон барои ҳайати ҲХДТ дар маҷмааи мӯҳташаме, ки 4-5 сентябри соли 2016 саммити G 20 баргузор гардид, сайругашт ташкил намуданд.
Дар музофоти Ҳанжоу ҳайати ҲХДТ инчунин аз осорхонаи чой боздид ба амал оварда, бо фарҳанги қадимаи омода намудани чой дар Чин ва дар майдони кишт бо тарзи кишт ва ҷамоварии чой ошноӣ пайдо кард.
Таърихи 22 апрел ҳайати кории ҲХДТ аз тариқи қатораи замонавии баландсуръати №G42 сафари худро ба шаҳри Шанхай идома дод. Дар шаҳри Шанхай, ки гаҳвораи инқилоби комунистӣ дар Чин маҳсуб мегардад, мизбонон ҳайати гурӯҳро нахуст ба осорхонаи лоиҳакашии шаҳр раҳнамоӣ карданд. Дар осорхонаи мазкур бузургтарин тарҳи шаҳр дар Чин бунёд карда шудааст, ки он ҳам тарҳи шаҳри Шанхай аст.
Шаҳри Шанхай бо он ифтихор дорад, ки Анҷумани нахустини Ҳизби Коммунистии Чин, 23 июли соли 1921 дар ҳамин шаҳр баргузор гардида, минбаъд ба як қувваи бузурги сиёсӣ табдил ёфтааст. Намояндагони ҲХДТ аз осорхонаи Анҷумани нахустини ҲКЧ боздид ба амал оварданд. Бояд зикр кард, ки дар Анҷумани нахустини ҲКЧ ҳамагӣ 13 вакил аз музофотҳои Чин ва ду намоянда Коминтерн, коммунисти ҳолландӣ Г. Марин ва Николский (ному насаби воқеиаш-Нейман Владимир Абрамович, ваколатдори котиботи кумитаи иҷроияи Коминтерн дар Шарқи Дур) ширкат варзиданд. Раисии Анҷуманро Чжао Готао ва котибии онро Чжоу Фохай ба зимма доштанд. Мао Тзедун вакил аз ҳавзаи шаҳри Чанша буд.
Баъд аз ғалаба ба нерӯҳои генералиссимус Шан Кайшӣ (бо дастгирии бевоситаи Иттиҳоди Шӯравӣ) ва 1 октябри соли 1949 таъсис додани Ҷумҳурии Мардумии Чин, Мао Тзедун то охири ҳаёти худ пешвои халқи Чин боқи монд.
Ҳайати намояндагони ҲХДТ таърихи 24 апрел инчунин дар базаи муосири кишоварзии Тсзиншан Ланся бо усулҳои фаъолияти муассисаҳои занбӯруғпарварӣ, гулпарварӣ ва парвариши тути заминӣ ошноӣ пайдо намуданд, ки аз манфиат холӣ набуд. Истифодаи технологияҳои муосир имкон медиҳад, ки кишоварзон минтақаи мазкур дар қитъаи хеле ками замин маҳсулоти фаровони кишоварзӣ ба даст оранд.
Худи ҳамон рӯз меҳмонон дар деҳаи Тзиншан бо маҳсули дасти рассомон-кишоварзон шинос шуданд. Ҳунари рассомии кишоварзӣ танҳо хоси Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, тамоми ҳунармандони шинохтаи ин навъи санъат дар деҳаи Тзиншан зиндагӣ ва фаъолият доранд. Деҳа хеле фазои ором ва табиати зебо дошта, ба фаъолияти пурмаҳсули рассомони халқӣ ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Шоми 24 апрел намояндагони ҲХДТ-ро таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода, муовини Раиси ҲКЧ дар Шанхай ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот Саидмурод Фаттоҳзода оид ба таассуроте, ки намояндагони ҳизб ҳангоми сафар дар шаҳри Шанхай ва музофоти он бардошт карданд, нақл кард. Мулоқот дар фазои хеле самимӣ доир гардида, дар он масъалаҳои ҳамкории ҳизбҳои пешбари Тоҷикистон ва Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми сафар намояндагони ҲХДТ аз Маркази маъмурӣ ва фарҳангии маҳаллаи Тсюяни шаҳри Шанхай, ки беш аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад, боздид ба амал оварданд. Маркази мазкур дорои маҳфилҳои забономӯзӣ, хореография, рассомӣ, ҳунармандӣ, суруду мусиқӣ, варзиш ва мисли ин буда, дар он ҳамарӯза аҳолии синну соли гуногуни маҳаллӣ бо машғулиятҳои муфид ғолибан ба тариқи ройгон фаро гирифта мешаванд.
«МХ»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: