Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Варзиши аспсаворӣ ривоҷ мехоҳад

Варзиши аспсаворӣ ривоҷ мехоҳад

24-02-2017, 10:58
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Варзиши  аспсаворӣ  ривоҷ мехоҳадАсп дар фарҳанги ҷаҳонӣ мақоми хосаеро ишғол мекунад. Аз ин рӯ мардуми миллатҳои гуногун мувофиқи шугуну бовариҳояшон этиқодҳои мухталиферо нисбат ба асп дар фарҳангашон инъикос мекунанд. Аз қадим дар байни халқиятҳо асп ҳамчун ҷонвари бофаросат, дастёри беминнат, ёвари мушфиқ ва номбардор маҳсуб мешавад. Масалан, дар замонҳои пеш дар Амрико вақте ки соҳиби асп мемурд аспашро низ ҳамроҳи ӯ ба хок месупурданд. Вале бо мурури замон фаҳмиданд, ки ин одот хароҷоти зиёдеро ба бор оварда, ба иқтисодиёт латма задаст, аз байн бардошта мешавад. Шоирону нависандагон ҳангоми офаридани ҳамосаҳо ва эпосҳо, умуман, асарҳои бузурги хеш ҳатман аз иштироки асп ҳамчун қаҳрамони мусбат истифода мекунанд. Ин ақидаҳо чӣ дар осори мардуми Ғарб ва чӣ дар осори мардуми Шарқ бараъло намоён аст. Намунаи хоси ин гуфтаҳо асарҳои машҳуре чун «Савораи бесар»- Мйн Рид , ки аз вафодориву дилсӯзии асп қисса мекунад, ё худ шоири забардасти форсу тоҷик, Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома»-и хеш аз зиракиву чолокии Рахши Рустам тавсиф карда, он чун ҳайвони бофаросат гаштаву баргашта сутуда мешавад. Вафодории Рахшро Фирдавсӣ ба андозае самимона тасвир кардааст, ки хонандаро мафтун месозад. Масалан, саҳнаеро, ки Рустам ба хоби паҳлавонӣ рафтаву душманон дар қасди ҷонаш ҳастанд, ҳамин Рахш буд, ки бо шиҳаи пуртаҳлукааш ӯро аз хоби гарон бедор менамояд. Ин гуна қисаҳои гуногун дар бораи асп дар фарҳанги халқи кишварҳои гуногун хеле зиёд ба назар мерасад, ки аз муҳаббати инсонҳои тамоми дунё ба ин ҷонварни зебо дарак медиҳад.
Дар адабиётҳои илмӣ ин омил ҳамчун «тотемизм» маълуму машҳур буда, мувофиқи ин истилоҳ эътиқод, асотир ва расму оинҳои авлодию қабилавии инсонҳо ба тотемаҳо вобастагӣ дорад. Ҳар як қавм ё авлод тотеми хос (як намуд ҳайвонот ё растанӣ гоҳо падидаи табиӣ ё ашёи беҷон)-и худро дошт. Ҳамин тавр муҳаббати тоҷикон низ ба асп аз бозмондаи ақидаи тотемизм (ҷонварпарастӣ) мебошад, ки дар байни аҷдодони мо то замоне расм будааст. Ин аст, ки шояд то ҳол дар баъзе минтиқаҳо мардум аз истеъмоли гӯшти асп худдорӣ менамоянд ва аспро ҳамчун ҷонвари муқаддас мешуморанд.
Ин гуфтаҳо шояд ҳоло барои баъзе ашхос чун афсона ва ё ривоят намудор гардад, вале асли воқеият ин таҷрибаи чандинсолаи одамон аст, ки ҳанӯз ҳам мегӯянд. Чунончи дар харсавориву аспсаворӣ одамон ба хуллосае омаданд, ки ҳангоми ғалтидан аз хар шахс ҳатман ягон зарбаи ҷисмонӣ бардоштанаш мумкин ва ё худи хар метавонад аз ин фурсат истифода бурда саворашро таги по карда гурезад. Вале баръакс вақте ки шахс аз асп сарозер мешавад, кам лаҳзае мешавад, ки ягон ҷояш латма хӯрад, ҳатто худи асп аз ғалтидани соҳибаш пай мебарад ва дар ҷояш меистад, то ба ҷони ӯ хатаре эъҷод накунад. Ин аст, зиракӣ ва доноии асп, ки ба ҳамагон маълуму аён аст.
Акнун бигзарем аз ҳамаи ин ва мақсади асосиро пайгирӣ мекунем. Чаро имрӯзҳо дар байни мардҳо касалии чун прастатит,безурёти, адинома ва ғайраҳо рӯ ба инкишоф аст? Чаро мардҳо пештар ба ин гуна касалиҳо дучор намешуданд ва ё бобоён бобокалонони мо аз ин касалӣ ҳатто хабаре надоштанд? Ин саволҳо шояд имрӯз зеҳни чандин нафарро таҳрик медиҳад. Яке аз сабабҳои ба ин намуди беморӣ дучор нашудани гузаштагони мо, маҳз аспсавории онҳо буд. Он замон ҳангоми рафтан аз як деҳа ба деҳаи дигар ё аз як ноҳия ба ноҳияи дигар онҳо аз асп истифода мекарданд. Асп барои онҳо ҳамчун нақлиёти бе «миннат» хизмат мекард ва ҳам ба саломатии онҳо саломатии дигаре зам мешуд. На бӯйи бензин ва на садои муҳаррик асабҳои онҳоро хаставу афгор намекард. Вале, мутаассифона имрӯз мардум ҳатто як қадами он сӯтарро ҳам бе мошин намегузорад. Ҳама савори мошинҳо-хабаргирии хешу табор, туйӣ дӯстон, рафтан аз як деҳа ба деҳаи дигар агар масофаи кутоҳе ҳам дар байн мавҷуд бошад, бидуни нақлиёт « ғайримкон» аст. Дуруст аст, ки ҳама чизро мувофиқи давру замонаш бояд ба кор бурд, вале на зиёдтар аз андозаи даркорӣ, ки зарар ба саломатии инсон бошад. Масалан, онҳое, ки ба кори фикрӣ машғул ҳастанд ва аз саҳар то бегоҳ дар болои миз мешинанд ва гузашта аз ҳамаи ин боз аз коргоҳ то хона савори мошин мераванд, беибо ба касалиҳои дар боло зикршуда дучор хоҳанд шуд. Бинобар ин онҳое, ки намехоҳанд ба ин касали дучор шаванд, ба варзиши аспсаворӣ машғул шуданашон лозим аст. Ва ё мувофиқи ақидаи олимони соҳаи тиб нафароне, ки тоза ба бемории прастатит дучор шудаанд агар дар як рӯз чанд км роҳро бо асп тай кунанд, боиси аз байн рафтани он хоҳад шуд. Ҳамин тавр ба хуллосае омадан мумкин аст, ки агар варзиши аспронӣ низ дар кишвари мо ҷоннок карда шавад, хеле ба мавқеъ хоҳад буд. Ба ҳамин хотир бояд гуфт, ки агар дар ягон гӯшае аз шаҳр майдони аспронӣ ташкил гардад, аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Зеро аспсаворӣ ва аспронӣ рӯҳи одаморо болида мегардонад. Гарчанде ки дар байни шаҳр рондани асп ба қавле аз этикети шаҳрнишинӣ дур бошад, вале онҳое, ки муддатҳо дар корхонаҳояшон болои курсӣ нишаста ва баъд аз он савори мошинҳо ба хонаашон раҳсипор мегарданд, метавонанд пас аз «нишастан»-ҳои тӯлонӣ ба аспсаворӣ машғул шаванд. Ин ба саломатии онҳо, махсусан мардҳо хеле лозим ва муфид аст. Аллбата нақлиёт кори одамонро хеле осон кард, вале ба саломатии онҳо зарари зиёде ҳам ворид сохт. Ҳароина аспсаворӣ беҳтарин востаест, ки шахсони аз хастагии асаб ва умуман хастагии ҷисмонӣ рӯҳафтодашударо метавонад дар як лаҳза рӯҳбаланд созад. Беҳуда нест, дар урфу одатҳои мардумони гуногун асп чун ҷонвари ғайримуқаррарӣ буда, чун ҳайвони зираку ҳушёр ва беозору ба амру фармони инсон итоатмегардагӣ тасвир ёфтааст. Дар таърих ягон шоҳ, амир ва ё императоре набудааст, ки бе асп бошад. Ва ин ривоҷ то ба имрӯз омада расидааст. Пас варзиш бо аспро бояд инкишоф дод то аз таъсири омилҳои гуногуне, ки ба кувваи ҷисмонии мардҳо латмаи калоне ворид месозанд, пешгирӣ карда шавад.

Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: