Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Шаҳри Норак Вохӯрӣ бо занону ҷавонони ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»

Шаҳри Норак Вохӯрӣ бо занону ҷавонони ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»

3-02-2017, 17:24
Хабарро хонданд: 254 нафар
Назарҳо: 0
Шаҳри Норак  Вохӯрӣ бо занону ҷавонони ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»Рӯзи 27 январи соли ҷорӣ дар китобхонаи марказӣ бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, раиси ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг», мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, мудирони шуъбаи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ фаъолон, занону ҷавонон аз ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» иштирок доштанд. Дар рафти машварат раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» оид ба рафти корҳои анҷомдодаи ташкилот дар соли 2016 маълумот дода, камбудиҳои ҷойдоштаро ба саъми ҳозирин расонид ва оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон оид ба «Соли ҷавонон» эълон намудани соли 2017, «Даҳсолаи байналмилалии амал, «Об барои рушди устувор 2018-2028» суханронӣ намуданд. Муовини раиси ташкилоти ибтидоии Фарҳанг Робия Достова оид ба рафти корҳои ҳизбӣ маълумот дода, қаӣд карданд, ки рӯз аз рӯз сафи ҳизбиён аз ҳисоби ҷавонон, занони лаӣёқатманд зиёд гардида истодааст ва корҳои ҳизбӣ беҳтар гаштааст. Инчунин оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ҳизбии шаҳрӣ, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 бар меояд, маълумот дода, қаӣд карданд, ки мо фаъолон аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро зарураст, ки корҳои таблиғотиро дар байни ҷавонон ҷоннок намуда,онҳоро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, содиқ будан ба Ватан-Модар, ҳифзи марзу буми кишвар моҳияти Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тарбия намоем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: