ПЕНЗА- ШАҲРИ САБЗИ ОРЗУҲО2-02-2017, 08:43
Хабарро хонданд: 393 нафар
Назарҳо: 0
Тамоми таърихи Россия дар Пенза аст Ҳарфҳо ба қалами яке аз шоирони шинохтаи рус Евгений Евтушенко тааллуқ дорад. Воқеан ҳам агар Шумо кўчаҳои шаҳри қадимаи Пензаро қадам занед, дар девори биноҳои таърихӣ чашматон ба лавҳачаҳо бармехурад, ки далели гуфтаҳои Евтушенко аст: «Дар ин бино аз фалон то фалон сол сипаҳсолори бузурги рус Кутузов зиндагӣ кардааст» ва ё мисли ин лавҳаҳоеро мебинед, ки аз сокини шаҳри Пенза будани адибони маъруфи рус М.Ю. Лермонтов, В.Г. Белинский, А.И. Куприн, И.А. Крилов, Н.С. Лесков, А.Н. Радишев Салтиков-Шедрин , В.В. Маяковский нақл мекунанд. Шаҳри Пенза дар ду соҳили дарёи Сура қарор гирифтааст. Умуман, Пенза шаҳраки дарёҳост ва онро ба ҷуз Сураи бузург боз дарёчаҳои Пенза, Пензятка, Ардим, Сураи қадима, Мойка, Барковка ва наҳрчаҳои Прокопу Беном убур мекунанд. Аз шаҳри Маскав, пойтахти Федератсияи Русия то маркази вилояти Пенза, ки беш аз 600 км. Аст, асосан автобусҳо ва қатораҳо ҳаракат мекунанд, ки тақрибан 12 соат роҳ мепаймоянд. Ман автобусро интихоб намудам. Дар Пенза асосан мардуми рус ва тотор зиндагӣ мекунанд. Онҳо шаҳри худро хеле дўст медоранд ва аз он ифтихор доранд. Як нафар ҳамсафари ман тотори пензагӣ, ки афсари яке аз қисмҳои ҳарбии вилояти Маскав буду барои истироҳат ба ватанаш мерафт, аз ман суол кард. Оё шумо медонед, ки аз ҳама шаҳрҳои сабзи Русия кадоманд? – Шояд Сочи бошад, - посух додам ман. – Не иштибоҳ кардед, Пенза ва Пятигорск,- бо табассум маро ислоҳ кард ў. Аз кулбаҳои чўбӣ то қасрҳои бошукуҳ То соли 1663 Пенза аз деҳаи кўчаке бо кулбаҳои чўбӣ иборат буд. Моҳи майи ҳамон сол бо фармони шоҳи Русия меъмори шинохта Контранский ба Пенза омад. Таҳти сарварии ин мутахассиси ҳунарманд ба бунёди шаҳрак-қалъаи Пенза асос гузошта шуд. Соли 1719 шаҳри Пенза ҳамчун маркази музофоти Пензаи губернияи Қазон ва соли 1789 маркази волигии Пенза эътироф шуд. Соли 1796 Пенза шаҳри губерниягӣ эълон мешавад. Ин шаҳраки таърихӣ бо ин ки манзили ашрофзодагони Русия ва рамзи иқтидору шарафи давлатдорӣ маҳсуб мешуд, шуҳрат пайдо кард. Дар рушду нумўи шаҳр гузаронидани хати роҳи оҳани Сизран-Вяземск (1874), Москва- Қазон (1995) ва Рязан-Урал (1896) ба таври муассир замина гузошт. Дар шаҳри Пенза ду савмаа (монастырь)-и мардонаву занона, 26 калисои православӣ, калисои лютерани ва масҷиди бузург мавҷуд аст. Пенза имрўз яке аз марказҳои бузурги саноативу фарҳангии Россия ба шумор меравад. Дар он теъдоди зиёди муассисаҳои фарҳангу маориф ва корхонаҳои мухталифи саноатӣ ҷойгир шудаанд. Пенза дорои Театри драммавии таърихӣ, филармония, театри лўхтак ва бинои сирк аст. Бояд зикр кард, ки ба таъсиси сирки русӣ нахустин шуда дар Пенза замина гузоштаанд. Аз рўи эълонҳои дар истгоҳу лавҳаҳои назди театр насбшуда, чунин ба назар мерасад, ки ҳунармандони шинохтаи рус ва ҷаҳон дар саҳнаи театри драмавии Пенза ҳунарнамоӣ карданро хеле дўст медоранд. Чаро ки эълони афишаҳо то моҳи майи соли равон аз банд будани саҳнаи театр дарак медиҳанд. Аз мояҳои ифтихори пензагиҳо ин фаъол будани 8 осорхона, ки дорои экспонатҳои қадимаи таърихӣ ва санъат мебошад. Аз муъҷизаҳои дигари шаҳр роҳи оҳани кўдакона маҳсуб мешавад, ки дар дигар кишварҳои дунё кам ба назар мерасад. Вале аз ҳама наводироти муҳим ва назарраси шаҳри Пенза, донишгоҳ ва муассисаҳои илму маориф аст, ки теъдоди онҳоро дида гумон мекунед, ки Пенза шаҳри донишгоҳҳо аст ва дар он танҳо донишҷўён зиндагӣ мекунанд. Фаразан: Донишкадаи омўзгории ба номи В.Г. Белинскии, Донишгоҳи давлатии Пенза, Академияи давлатии кишоварзии Пенза, Донишгоҳи давлатии технологии Пенза, Донишгоҳи давлатии Пенза, Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони Пенза, Донишкадаи технологии казакҳои Пенза (Филиали Донишгоҳи давлатии технологӣ ва идоракунии Москва ба номи Разумовский), Омўзишгоҳи нақлиёти роҳи оҳани Пенза (филиали Донишгоҳи давлатии роҳҳои нақлиётиии Самара), Филиали Академияи кушоди иҷтимоии Москва дар Пенза, Филиали Академияи МНЭПУ, Филиали донишкадаи тиҷоратии Нижегород, Филиали Донишгоҳи давлатии технологияҳои инноватсионӣ ва соҳибкории Россия, Филиали Академияи муосири гуманитарӣ, Филиали Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсия Россия ва мисли ин. Донишҷўёни тоҷик дар Пенза Яке аз марказҳои бузурги таълимотии Пенза Донишгоҳи давлатии Пенза маҳсуб мешавад, ки 1 ноябри соли 1943 таъсис дода шудааст. Донишгоҳи мазкур, - шарҳ дод ёвари ноиб-ректор оид ба фаъолияти байналмилалӣ Ҷабборов Шариф Ҷабборович, - ба таъсиси ду мактаби олӣ; соли 1958 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Пенза (ҳоло Донишкадаи давлатии меъморӣ ва сохтмон) ва соли 1959 Донишкадаи политехникии Пенза (ҳоло Донишгоҳи давлатии технологӣ) замина гузоштааст. Ба ҳайати Донишгоҳи давлатии Пенза се филиал дар шаҳрҳои Кузнетск, Сердобск ва Нижний Ломов ва 6 донишкада- политехникӣ, омўзгорӣ, тиббӣ, ҳарбӣ, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва донишкадаи омўзиши бетаваққуф, инчунин ду факултаи мустақил-ҳуқуқ, иқтисодиёт ва идоракунӣ ворид мешаванд. - Дар донишгоҳи Шумо теъдоди зиёди донишҷўёни тоҷик таҳсил доранд, онҳо бештар кадом ихтисосҳоро интихоб мекунанд? –мепурсем аз Шариф Ҷабборович. - Донишгоҳи давлатии Пенза аз рўи 45 барномаи омўзишии бакалавриат, 15 барномаи тахассусӣ, 20 барномаи магистратура, 13 самтҳои илмӣ, 56 ихтисоси аспирантура ва докторантура, 18 барномаҳои омўзишии интернатура довталабонро қабул мекунад. Асосан дар самти зерин мо мутахассис омода месозем: физикию математикӣ; табиатшиносӣ; гуманитарӣ; иҷтимоӣ; маориф ва педагогика; тандурустӣ; иқтисод ва идоракунӣ; амнияти иттилоотӣ; соҳаи хизматрасонӣ; энергетика, мошинсозии энергетикӣ ва электротехника; металлургия, мошинсозӣ ва коркарди метал; аслиҳа ва системаи таслиҳот (яроқноккунӣ); воситаҳои нақлиёт; таҷҳизотсозӣ ва оптотехника; техникаи электронӣ, радиотехника ва алоқа; автоматика (худкор) ва мудирият; информатика ва техникаи ҳисоббарорӣ; бехатарии амалкардаҳои ҳаётӣ ва ҳифзи муҳити зист, - посух медиҳад ў ва меафзояд: -Тақрибан дар аксарияти самтҳои номбурда донишҷўёни тоҷик таҳсил мекунанд. Мо ҳар сол ба Тоҷикистон ташриф оварда довталабонро имтиҳон мекунем. Ҳамасола беш аз сад нафар аз рўи самтҳои интихобкардаашон ба донишгоҳи мо дохил мешаванд. Метавонед ба донишкадаҳои номбурда ташриф оварда бо чашми худ бинед, - бо табассум мегўяд ёвари ноиб-ректор, - вале барои ин корро аҷом додан барои Шумо як ё ду рўз кофӣ нест. Ҳамсуҳбати дигари ман ноиб-ректор оид ба фаъолияти байналмилалӣ олими ҷавон, профессор Васин Сергей Михайлович суханони ёвари худро тасдиқ мекунад: - Бале, донишгоҳи мо хеле бузург аст. Он дорои 18 бино (корпус)-и таълимӣ аст, ки дар онҳо утоқҳои лексионӣ, машғулиятҳои амалӣ, корҳои лабораторӣ, синфҳои компютерӣ, китобхонаи илмӣ бо толорҳои хониш, ки бо воситаҳои муосири электронӣ муҷаҳҳаз шудаанд, се толори маҷлис ва як толори бузурги конфрос, ошхона ва ҳуҷраҳои тиббӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва толорҳои варзишӣ, ду майдони варзишии бузург аст. Шаҳраки донишҷўии мо хеле бузург буда, иборат аз 28 гектар аст. Дар донишгоҳ беш аз 1400 нафар устодон дарс медиҳанд, 900 нафари онҳо номзадони илм ва 200 нафар докторони илманд. Теъдоди умумии донишҷўён беш аз 23 500 нафар аст. Ҳайати ҳамкорони хориҷие, ки Донишгоҳи давлатии Пенза бо онҳо дар бахши маориф ва илм шартнома бастааст, беш аз 45 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад, ки ба онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил аст. Теъдоди донишҷўёни хориҷие, ки дар Донишгоҳи давлатии Пенза таҳсил мекунанд, ба 1300 нафар мерасад, - ба суҳбат хотима мебахшид Сергей Михайлович. Шаҳраки байналмилалӣ Шаҳрак барои зиндагонии донишҷўёни аз дигар шаҳрҳои Россия ва ё хориҷи кишвар барои таҳсил омада, ихтисос дода шудааст. Вақте ки вориди он шудам дарк кардам, ки он то кадом андоза барои зиндагии донишҷўён мувофиқ сохта шудааст. Шаҳрак дорои 7 хобгоҳи бузург буда, метавонад дар як вақт 3200 донишҷуро бо ҷои хоб таъмин кунад. Дар он тамоми шароитҳо барои зист, машғулиятҳои инфиродӣ ва истироҳати донишҷўён ва инчунин ташкили чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ фароҳам оварда шудааст. Танҳо майдони умумии хобгоҳҳои донишҷўӣ бо инфрасохтораш беш аз 23 ҳазор метри мураббаъ аст, ки воқеъан ба як шаҳраки алоҳида шабоҳат дорад. Дар донишгоҳи мо талабот ба дониш хеле сахт аст, - нақл карданд донишҷўён, - дуруст аст, ки ба мо барои таҳсил стипендия медиҳанд, арзиши хобгоҳ низ ҳамагӣ камтар аз чаҳорсад сомонӣ дар як сол аст, вале агар нахонӣ ва ба санҷишу имтиҳонҳо омодаги набинӣ, касе ба ту кўмак намекунад. Устодони донишгоҳи мо намедонанд, ки калимаи «пора» чӣ маънӣ дорад,- шўхӣ мекунанд онҳо. Барои ман дар ин шаҳрак дар лавҳаҳои ифтихорӣ дидани акси донишҷўёни тоҷик ва шунидани ин ки гурўҳ-гурўҳ бо забони ноби тоҷикӣ сўҳбат мекарданд хеле гуворо буд. Вақте, ки донишгоҳро тарк мекардам, чанд нафар ҷавон маро иҳота карданд. – Ба мо дуо намедиҳед?, - гуфтанд онҳо. – Хонед, илм омўзед, мутахассиси варзида шавед ва ба Ватан баргардед, ки дар оянда рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз аз Шумо вобаста аст… Б. Ҳамдам |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.