Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан

25-01-2017, 08:28
Хабарро хонданд: 206 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан

/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Бурианро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба сатҳи муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дода, ҳарду ҷониб аз тамоюли густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори қаноъатмандӣ намуданд.

Тавре таъкид гардид, ҷониби Тоҷикистон барои рушду густариши муносибатҳои дӯстона ва фаъоли худ бо Иттиҳоди Аврупо талоши зиёд ба харҷ дода, дар ин замина аз имконоти Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, Муколамаҳо оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ, ҳамдастӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Кумитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ самаранок истифода менамояд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои вобаста ба ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Барномаи индикативии бисёрсола барои давраи то соли 2020 ва Стратегияи минтақавии Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Аз болоравии ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори хушнудӣ карда, ҷанибҳо ҷиҳати тақвияти муносибатҳо дар роҳи кам кардани таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Ҳамчунин барои тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм ҳавасмандӣ зоҳир гардида, дар ин самт тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар риштаҳои фанҳои дақиқ ва технологияҳои нав манфиатбор арзёбӣ шуд.

Дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон, вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ва афзоиши хатари терроризму экстремизми байналимилаӣ баррасӣ гардид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкорҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин ба раванди мубориза бар зидди хатару чолишҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бештар мусоидат менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: