Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – РАҲНАМО ВА ИФОДАГАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – РАҲНАМО ВА ИФОДАГАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

20-01-2017, 10:09
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – РАҲНАМО ВА ИФОДАГАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК


Бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қатъномаи даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомад роҳбарият ва кормандони дастгоҳи бахши вилоятӣ ширкат варзиданд. Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода дар назди ҳозирин маърӯза намуда, қайд кард, ки дар таърихи 22 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намуданд. Аз ин лиҳоз Пешвои миллат дар Паёми хеш дар оғоз ба дастовардҳои асосии давлат ва миллати мо дар ин марҳила як нигоҳи ҷамъбастӣ намуда, бори дигар аз моҳият ва аҳамияти онҳо таъкид намуданд. Дар идома раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатӣ андешаҳои хешро иброз намуда, таъкид дошт, ки Паёми имсола ҳамаи самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мамлакатро таҳлил ва вазифаҳои навбатиро бо мақсади рушди ҳамаи соҳаҳои кишвар барои ноил шудан ба зиндагии шоистаи мардум ва рушди босуботи Тоҷикистони азизамон муайян намудааст.
Баъдан, Каримова Наргиза аз бахши вилоятӣ, Икромзода Озода сардори шӯъбаи пасандоз ва дигарон ба музокира баромада, оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои дар Паём инъикосшуда изҳори назар карданд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки Пешвои миллат ба масъалаи ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар мисли ҳамеша аҳамияти махсус зоҳир намуда, соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карданд.
Бо ҳамин ҷамъомад бахшида ба шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қатъномаи Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» ба поён расид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: